-12.6 C
Tajikistan
Thursday, December 8, 2022

СУХАНРОНИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи Раиси Маҷмаи Умумии СММ оид ба омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023

25.10.2022, шаҳри Душанбе

Муҳтарам Раис,
Муҳтарам Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Бо камоли майл аз баргузории ҷаласаи имрӯза истиқбол менамоям ва онро дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби соли 2023-и Созмони Милали Муттаҳид иқдоми саривақтӣ медонам.

Ба Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Чаба Короши барои ташкили ин чорабинии муҳим ва ба ҳамаи ҳозирин барои иштирок дар он сипоси худро  иброз менамоям.

Ҳозирини гиромӣ,

Ҷаҳони имрӯза зери таъсири таҳдиду хатарҳо ва таҳавуллоти амиқ қарор дорад.

Бинобар тағйирёбии иқлим имсол мо шоҳиди зуҳуроти бесобиқаи офатҳои табиӣ гардидем.

Аврупоро гармии шадид фаро гирифт, ки ин боиси сӯхтори бешазорҳо, хушкшавии дарёҳо ва норасоии об гардид.

Ҳамзамон бо ин, қисмати ҷануби сайёра зери таъсири селу обхезиҳои харобиовар қарор гирифт.

Мутаассифона, ин равандҳо чандин сол аст, ки идома доранд ва таъсири онҳо сол то сол фарогиру шадид мегардад.

Қобили зикр аст, ки меҳвари ин равандҳоро об ҳамчун асоси ҳаёти инсоният ва василаи муҳимми таъмин намудани рушди устувор ташкил медиҳад.

Мусаллам аст, ки бархӯрд бо чунин шароит дарку фаҳмиш, муносибат ва иќдомоти наву муассирро тақозо менамояд.

Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028, ки бо ибтикори Тоҷикистон эълон шудааст, барои муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода заминаи хуберо фароҳам овардааст.

Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки татбиқи миёнамуҳлати Даҳсолаи мазкурро арзёбӣ хоҳад кард, аз лиҳози замонӣ, аллакай, таърихӣ мебошад.

Дар ин замина, ҳар яки мо масъулият дорем, ки онро аз лиҳози мазмуну муҳтаво ва натиҷаҳо низ таърихӣ гардонида, ҳамаи имконот ва талошҳоро барои расидан ба ҳадафҳоямон сафарбар намоем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ҳамчун ҳамраисони Конфронс якҷо бо Департаменти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва механизми “Созмони Милали Муттаҳид-Об”  пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин ҳамоиш барои ҷаҳониён “лаҳзаи таҳаввулоти куллӣ дар соҳаи об” гардад.

Дар ин робита, мехоҳам нақши калидии Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи обро дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид махсус таъкид намоям.

Ҳамоиши Душанбе натиҷаи платформаҳои чорабиниҳои гуногуни минтақавию ҷаҳониро ба ҳам оварда, паёмҳои асосиро барои Конфронси Ню-Йорк таҳия намуд ва барои пешбурди яке аз натиҷаҳои асосии он – “Рӯзномаи амал дар соҳаи об” заминаи воқеиро фароҳам овард.

Муҳтарам иштирокдорони ҷаласа,

Мавзӯъҳои муколамаҳои интерактивӣ, ки фарогири мушкилоти умдаи соҳаи об мебошанд, аз ҷониби Тоҷикистон ва Нидерланд дар асоси машваратҳо бо кишварҳои аъзо ва ҷонибҳои манфиатдор таҳия гардидаанд.

Мо умед дорем, ки онҳо аз ҷониби шумо дастгирӣ хоҳанд ёфт.

Дар баробари ин, аз нигоҳи мо, “Рӯзномаи амал дар соҳаи об” ба уҳдадориву амалҳои наву инноватсионӣ ниёз дорад.

Ба ин манзур, бояд иқдомоте рӯйи даст гирифта шаванд, ки ба амалҳо ва  тартиби корбарии мо тағйироти ҷиддӣ ворид менамоянд.

Маҳз бо ворид кардани чунин тағйирот мо метавонем ба ояндаи аз лиҳози захираҳои об амну осуда умед бандем!

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд тамоми ҷидду ҷаҳди худро барои татбиқи ин масъулияти бузург сафарбар менамоянд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҷониби Нидерланд барои ҳамкории судманд дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли 2023 миннатдорӣ баён менамоям.

Ҳамкории кишварҳои мо, бешубҳа намунаи возеҳи он аст, ки чӣ тавр ОБ метавонад ҷонибҳои гуногунро аз минтақаҳои болообу поёноб, куҳсору водӣ, кишварҳои пешрафта, рӯ ба тараққй, камтараққӣ ва дигарон ба ҳам оварад.

Дар воқеъ, ОБ нерӯи бузург дорад ва мо бояд аз он дурусту оқилона истифода барем!

Итминон дорам, ки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, хусусан роҳбарони кишварҳову ҳукуматҳо тавассути иштироки фаъол ва суръатбахшии амалҳо дар татбиқи ин ҳадаф саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” ба ҳамаи ҷонибҳо барои иштироки фаъол дар раванди омодагирӣ ба Конфронси соли 2023 миннатдории хешро иброз менамояд.

Барои таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news