-2.2 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

«МУҲИТИ ТАЪЛИМ-АСОСИ ТАҲСИЛИ БОСИФАТ». Лоиҳаи наве, ки онро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон татбиқ менамояд

21 октябр дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода бо роҳбари соҳаи маорифи Бонки ҷаҳонӣ Тигран Шмис баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо вобаста ба ҷараёни амалишавии лоиҳаи ҷадиди «Муҳити таълим- асоси таҳсили босифат» мубодилаи афкор намуданд.

Лоиҳаи «Муҳити таълим-асоси таҳсили босифат» аз ҷониби Вазорати маориф ва илм амалӣ шуда, мақсади он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омӯзиш дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур аз се қисмат ва зерқисматҳо иборат буда, татбиқи он 6 солро дар бар мегирад.

Ҷонибҳо зикр намуданд, ки раёсати Бонки ҷаҳонӣ барои ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд якчанд мушкилоти соҳа бартараф гардида, таъмиру навсозии бинои муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизи синфхонаҳо бо компютер, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурии таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Роҳбари соҳаи маорифи Бонки ҷаҳонӣ Тигран Шмис зикр кард, ки лоиҳаи «Муҳити таълим-асоси таҳсили босифат» бевосита аз ҷониби Вазорати маориф ва илм амалӣ карда шуда, дар муҳлати муқарраршуда дар самти сохтмону навсозии муассисаҳои таълимӣ, арзёбӣ ва баландбардории сифати таҳсил, таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ ва аз байн бурдани муассисаҳои таълимии себаста бояд корҳои судманд анҷом диҳад. Ҳамзамон лоиҳа барои гузаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз арзёбии байналмилалӣ (PISA) мусоидат менамояд.

Раҳим Саидзода зикр кард, ки Вазорати маориф ва илм ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ буда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ва самаранок татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур тадбирҳои судманд меандешад.

Манбаъ: Вазорати маориф ва илми ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news