Ширкати дорусозии «Фармасинтез» — и Федератсияи Россия нақша дорад маводи дорувории худро бо нархҳои арзон ба Тоҷикистон ворид сохта, минбаъд истеҳсолоти онро ба роҳ монад. Дар ин хусус имрўз, 21 октябр зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори бахши содироти ширкати дорусозии «Фармасинтез» — и Федератсияи Россия Григорий Демидов хабар дода шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили тақвияти ҳамкорӣ дар бахши дорусозӣ ва татбиқи лоиҳаи нав дар самти бунёди коргоҳи истеҳсоли дорувориро баррасӣ карданд.
Раиси вилоят ба меҳмонон доир ба вазъи соҳаи саноат ва нигаҳдории тандурустӣ маълумот дода, таъкид кард, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи тиб ва дорусозӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар мамлакат коргоҳҳои истеҳсоли доруворӣ фаъолият доранд.
Григорий Демидов зимнан таъкид дошт, ки ширкати «Фармасинтез» барои ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ аз вилояти Суғд омода мебошад. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фармасинтез» яке аз панҷ бузургтарин ширкати дорусозӣ дар Россия буда, беш аз 500 номгӯй доруворӣ истеҳсол менамояд. Ширкат дар панҷ минтақаи Россия коргоҳҳои истеҳсолии худро дошта, дар онҳо 4000 нафар шаҳрвандон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва ба роҳ мондани хати истеҳсолӣ баён доштанд.