4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон меҳмони шаҳри Истаравшан гардиданд

Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» аз 20 то 23 октябр аз рӯи усули «Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!» дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Хуҷанд, Б.Ғафуров ва Мастчоҳи вилояти Суғд меҳмонӣ сурат мегирад.

20 октябр гурӯҳи калони ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ- иштирокчиёни ҳамоиши ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!» иборат аз 120 нафар ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд омаданд.

Меҳмонони гиромиқадрро бо урфу одати тоҷикона, таҳти садои карнаю сурнай муовини Раиси шаҳри Истаравшан Фирӯза Муъминзода ва гурӯҳи калони ҷавонони шаҳр дар ҳудуди даромадгоҳи тарабхонаи марказӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса истиқбол гирифтанд.

Баъдан меҳмононро Раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода ба ҳузур пазируфта, ташрифашонро ба Истаравшани бостонӣ хайра мақдам гуфт. Ӯ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони ҷумҳурӣ ёдовар шуда, ҳамчунин бо ифтихор илова намуд, ки ҳамоиши мазкур маҳз аз Истаравшани бостонӣ оғоз мегардад.

Сипас сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирҷон Иброҳимзода оид ба пешравиҳои фаъолияти Кумита ва самти дастгирии ҷавонони мамлакат дар 31 соли соҳибистиқлолӣ сухан гуфт.

Дар идома гурӯҳи меҳмонон аз ҷойҳои таърихии шаҳр, аз ҷумла «Қалъаи Муғ» ва «Ҳазрати Шоҳ» дидан намуд. Идомаи ҳамоиш дар мавзеи фароғатӣ-истироҳатии «Парчам»-и шаҳр бо барномаи консертӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» идома ёфт, ки меҳмонон аз он хеле хушҳол гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи нақшаи баргузории чорабиниҳо баргузории ҳамоишу конференсияҳо, фестивалу машваратҳо, тамошои ҷойҳои таърихӣ, барномаҳои консертӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ», бозиҳои варзишӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст. Бо мақсади тақвият додани дӯстӣ ҷавонон барои шабгузаронӣ дар хонаҳои истиқоматии фаъолҷавонони шаҳрҳои болозикр ҷойгир карда мешаванд. Ин усул имкон медиҳад, ки ҷавонони манотиқи гуногун дар муҳити хонаводагии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ зиндагӣ карда, бо ҳамдигар қарин гарданд.

Пагоҳ сафари гурӯҳи ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд идома меёбад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news