5.1 C
Tajikistan
Tuesday, May 30, 2023

Дар Тоҷикистон мусобиқаи малакаҳои касбӣ тибқи талаботи Ташкилоти байналмилалии «World skills» доир мегардад

Моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе миёни Тоҷикистон ва Эрон мусобиқаи малакаҳои касбӣ тибқи талаботи Ташкилоти байналмилалии «World skills» доир мегардад. Ин матлаб зимни мулоқоти гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфии Ҷумҳурии Исломии Эрон 19 октябр баён гардид.

Бояд гуфт, ки Ташкилоти байналмилалии «World skills» созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани мақом ва стандартҳои омодагии касбӣ ва тахассусӣ,  оммавӣ намудани касбҳои корӣ тавассути озмунҳои байналмилалӣ дар саросари ҷаҳон мебошад. Ташкилот соли 1946 таъсис ёфтааст.

Гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Абдулғаффор Раҳмонзода аз 17 то 19 октябр дар доираи густариши ҳамкорӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуд.

17 октябр дар Эрон ҷаласаи 2-юми гурӯҳи кори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва касбии Ҷумҳурии Исломии Эрон оғои Ғуломҳусейн Ҳусейниниё доир гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба иҷрои Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳо ва нақшаи кории сесолаи ҳамкории вазоратҳо дар самтҳои касбомӯзӣ, шуғл ва ҳунаромӯзӣ, инчунин табодули таҷрибаи омӯзгорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ, касбомӯзон, баргузории озмунҳои маҳорат, таъмини таҷҳизоти касбомӯзӣ оид ба ихтисосҳои қаннодӣ, таъмири автомобил, омӯзиши ҳунарҳои дастӣ, бахусус қолинбофии дастӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи ҷаласа аз ҷониби муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфии Ҷумҳурии Исломии Эрон Протокол ба имзо расонида шуд.

Дар доираи Протокол тарафҳо мувофиқати худро ҷиҳати баргузории таҷрибаомӯзии таълимиву истеҳсолӣ, таҳияи стандартҳои таълимӣ барои коршиносони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин барои устоҳои таълими истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои қаннодӣ, ошпазӣ, нонпазӣ, коркарди чарм, кулолгарӣ ва кошинкорӣ, таъмири автомобилҳо, заргарӣ, дӯзандагиву тарроҳӣ ва касбу ҳунарҳои муосир изҳор намуданд.

Ҷониби эронӣ омодагии хешро барои дар шаҳри Душанбе муаррифӣ намудани таҷҳизот ва маводи таълимӣ-техникии ширкатҳои эронӣ, таҷрибаомӯзӣ ва коромӯзии ҳайати тоҷикистонӣ дар Эрон бо истифода аз таҷрибаи мактаби «Устод – шогирд» ва ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани на кам аз 1000 стандарти касбӣ-таълимӣ бо интихоби касбҳо тибқи талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки таҷрибаи ташкили омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии хусусӣ, ки дар Эрон фаъолият доранд, омӯхта шуда, ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштарак моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии ҶТ /АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news