-3.1 C
Tajikistan
Sunday, October 1, 2023

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии СААД иштирок намуданд

Дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба масоили  иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, ки дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода ва раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ширкат намуда, оид ба мавзӯъҳои баррасишуда ибрози назар намуданд.

Дар рӯзномаи иҷлосия сенздаҳ масъала, аз ҷумла «Дар бораи лоиҳаи Тавсияҳо оид ба такмили асосҳои методологии таҳия ва омодагӣ ба қабули санадҳои намунавии СААД», «Дар бораи лоиҳаи Тавсияҳо оид ба такмили асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва методологии ба назар гирифтани муқаррароти санадҳои намунавӣ ҳангоми такмили қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД», «Роҷеъ ба кор оид ба лоиҳаи Дастурҳои намунавии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СААД дар соҳаи таъмини оперативӣ ва тафтишотии амнияти дастаҷамъӣ», «Дар бораи лоиҳаи Тавсияҳо оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузории кишварҳои узви СААД оид ба масъалаҳои мусодираи амволи шаҳрвандон ва ташкилоте, ки дар ҳолати ҳарбӣ ё вазъияти фавқулода қарор доранд», «Дар бораи лоиҳаи Тавсияҳо оид ба танзими гардиши дороиҳои виртуалӣ (муқовимат ба паҳншавии беназорати криптовалютҳо ва дигар суррогатҳои электронии воситаҳои пардохт, ки системаҳои молиявии миллиро вайрон мекунанд (нобуд мекунанд», «Дар бораи лоиҳаи Тавсияҳо оид ба такмили қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД оид ба бастани каналҳои вуруди терроризми байналмилалӣ», Дар бораи лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома дар бораи комиссияҳои доимии Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (аз 3 апрели соли 2008 бо тағйироту иловаҳои минбаъда», «Дар бораи маблағгузории фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ» ва « Дар бораи тасҳеҳи саҳмияҳои ҳиссавии давлатҳои аъзои СААД ҷиҳати таъмини фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳднома оид ба амнияти дастҷамъӣ дар соли 2022» қарор доштанд, ки аз ҷониби вакилон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиёни ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии СААД дар идомаи суҳбат масъалаҳои мавриди баррасии ҷаласаи навбатиро дар шароити ихтилофоту муқовиматҳои ҷаҳони имрӯза хеле муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории якҷоя, такмили механизми ин ҳамкорӣ дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла дар доираи АБ СААД эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Манбаъ: МН МО ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон анҷом ёфт

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Федеративии...

Фонди рушди Қатар омодагии худро ҷиҳати маблағгузории лоҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикисстон баён намуд

 29 сентябр дар ҳошияи ҷаласаи  чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории тиҷоратӣ,  иқтисодӣ ва илмию техникӣ Вазири рушди иқтисод...

Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад

 Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад. Ин нуктаро 29 сентбяр...

Ширкати энергетикии «Небрас»-и Қатар барои сармоягузорӣ ба сохтмони НБО-и «Шӯроб» изҳори омодагӣ намуд

29 сентябр дар Давҳа Вазири  рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи ширкати энергетикии «Небрас» Халид Муҳаммад Ҷоло...

Related news