-12.6 C
Tajikistan
Thursday, December 8, 2022

ТОҶИКИСТОН — ДАР ХАТИ АВВАЛИ МУБОРИЗА БО ХАТАРИ ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ. Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалӣ доир ба муқовимат ба ин вабои аср

Терроризм вабои аср маҳсуб гардида, дар мазҳари ом ҳодисаи ба қатл расондани модар аз дасти фарзанди нохалаф намунаи ошкори он аст, ки ягон созмону гурӯҳи террористӣ на танҳо ба дини ислом ва арзишҳои ахлоқию маънавии он, балки, умуман, ба дину мазҳабҳои маъмули ҷаҳонӣ ва инсоният рабт надошта, сатҳи ниҳоии ваҳшонияти онҳоро нишон медиҳад. Конфронси мазкур ба пешгирӣ ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли ин проблемаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар доираи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи мубориза бо терроризм ва экстремизм равона гардидааст. Чунин изҳор доштааст Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил ҒАФУРЗОДА дар робита ба Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон», ки дар Душанбе ҷараён дорад.

— Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ин конфронси сатҳи баланд иброз доштанд, ки «зимни ин ҳамоиш масъалаҳои таъмини амният, мудирияти сарҳад ва муқовимати муассир ба ифротгароиву терроризм, бахусус, пешгирии таҳарруки террористон тавассути сарҳадҳо ҳамаҷониба баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои мушаххас қабул карда мешаванд».

Таъкид гардид, ки тайи солҳои охир доираи хатару таҳдидҳои аз терроризму ифротгароӣ бароянда мунтазам васеъ гардида, гузашта аз ин, паҳншавии босуръати бемории сироятии COVID-19 дар зарфи зиёда аз ду соли охир ва пайомадҳои он ҷараёни муқовимат бо ин таҳдидҳоро боз ҳам мушкил гардонида, раванди татбиқи Рӯзномаи 2030 ва дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувори онро дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон халалдор сохт.

Гурӯҳҳои террористӣ аз чунин вазъи баамаломада суиистифода карда, фаъолияти ифротгароӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба он, ташвиқ ва анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро густариш мебахшанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки вобаста ба вазъияти мазкур зарурати таҳияи равишҳои нави инноватсионии муборизаи муштарак бар зидди терроризм, паҳншавии идеологияи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои муосир ба миён омадааст.

«Тоҷикистон дар ҳамаи кӯшишҳо ва тадбирҳои байналмилалӣ ба хотири решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб фаъолона ширкат намуда, яке аз иштирокдорони фаъоли ҷомеаи байналмилалии зиддитеррористӣ гардид.

Дар доираи амалӣ намудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 Ҳукумати мамлакат дар миёни дигар дастовардҳои назаррас, инчунин ба беҳбуди механизми пешгирӣ кардани ифротгароиву тундгароӣ ва баланд бардоштани нақши соҳаи маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ноил гардид»,- таъкид доштанд Сарвари давлат.

Бояд гуфт, ки асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, ташкил медиҳанд.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд Сарвари давлат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо ба хотири ҳифз ва тақвияти сулҳу субот даъват ба амал оварданд, ки дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ. Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарзои замони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод ҳамдастиву ҳамоҳангиҳои зичи хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши байналмилалӣ таъкид намуданд: «…Бинобар рушди босуръати технологии соҳаи мудирияти сарҳад, имрӯзҳо зарурати таъмин намудани мақомоти назорати сарҳадӣ бо технологияҳои муосир барои сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани кӯшишҳои гурӯҳҳои террористиву ифротӣ, ки нияти рахна кардани низоми сарҳади давлатиро доранд, ба миён омадааст.

Амалӣ намудани ин иқдом омӯзиши таҷрибаи кишварҳои тараққиёфта ва марҳала ба марҳала ҷорӣ кардани стандартҳои пешқадами байналмилалиро дар мудирияти сарҳади давлатӣ тақозо мекунад. Аз ин лиҳоз, дастрас намудани василаҳои аз лиҳози фанноварию техникӣ пешрафта ва боэътимод дар ин масир яке аз вазифаҳои асосии муборизаи муштараки сатҳи байналмилалӣ бо терроризм дониста мешавад.

Умедворам, ки доираи ҳамкории Тоҷикистон дар ин самти муҳим дар ояндаи наздик боз ҳам васеъ мегардад.

Моро зарур аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, дониш ва таҳкими иқтидори давлатҳо дар мубориза бо терроризм мувофиқи механизмҳои мавҷуда ҳамкории зич дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот дар бораи тарзу усулҳои муассири пайгирӣ намудани чунин сомонаҳо, аз шабакаи интернет хориҷ намудани онҳо ва расондани кумаки байниҳамдигарӣ дар ин самт шарти муҳими комёбӣ дар мубориза бо кибертерроризм мебошад».

Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дошта, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳурот ҳимоят мекунад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир дар самти муқовимат бо зуҳуроти мазкур ва манбаъҳои маблағгузории онҳо тадбирҳои муассир роҳандозӣ карда истодааст.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёраи Замин таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ ба миён овардаанд.

Мо — тоҷикон, ки таҷрибаи душвори таърихиро дар ибтидои соҳибистиқлолии мамлакат аз сар гузарондем ва ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардидем, бояд ба қадри сулҳу ваҳдат бештар бирасем. Зеро ин неъмати бебаҳо ба туфайли меҳнати чандинсолаи давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва гиромӣ доштани он аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.
Итминони комил дорем, ки ҷавонони далеру шуҷои мо — пайравони асили Пешвои миллат бо иродаи матин дар самти пешгирии терроризм ва ифротгароӣ саҳм мегузоранд.

Абдухалил  ҒАФУРЗОДА,
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессор

 АКС:Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Манбаъ:АМИТ «Ховар»

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....