-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Созишномаи грантӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе ба имзо расид

18 октябр дар Вазорати молияи Тоҷикистон Созишномаи грантӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Душанбе – маблағгузории иловагӣ»  ба имзо расонида шуд.

Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон хонум Шэнни Кемпбл ба имзо расониданд.

Арзиши умумии Лоиҳа 42,63 млн доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 38 млн доллар гранти Бонки Осиёии Рушд ва 4,63 млн доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳадафи лоиҳа- ин беҳтар намудани дастрасии фарогир ва устувор ба хизматрасониҳои бехатар, устувории обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе, инчунин барқарор кардани коллекторҳои канализатсионии асосии шаҳр ва сохтани системаи канализатсияи дуюм ва сеюм дар маҳаллаҳои Қаротегин ва Зебуниссо мебошад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2022 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2028 ба нақша гирифта шудааст.

Манбаъ: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news