-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

АВВАЛИН ҚАТОРАИ ТРАНЗИТИИ ТОҶИКИСТОН АЗ МАСИРИ ЭРОН БА ТУРКИЯ РАҲСИПОР МЕШАВАД! Дар Вазорати нақлиёт Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ баррасӣ гардид

18-19 октябр дар шаҳри Душанбе  таҳти унвони «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа» Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар доираи он истифодаи Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ (GTrD) аз истгоҳи Кӯлоби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баррасӣ шуд. Тибқи ин санад нахустин қатораи боркашони транзитии Тоҷикистон аз масири Эрон ҷониби Туркия раҳсипор мешавад.

Дар назар аст, ки тавассути долони мултимодалии Чин-Тоҷикистон-Туркманистон-Эрон-Туркия нахуст тавассути мошинҳо борҳо аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Кӯлоб, ки Минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон ба шумор рафта, қарор аст қутби тиҷорат, транзит ва саноати Тоҷикистон гардад, оварда мешаванд. Баъдан борҳо аз ин ҷо ба Узбекистон-Туркманистон-Эрон ва Туркия  интиқол меёбанд.

Дар конфронс  намояндагони сохторҳои соҳаи нақлиёту роҳ аз кишварҳои хориҷии дуру наздик, инчунин мутахассисону  коршиносони  соҳаи роҳу нақлиёти ватанӣ  иштирок намуданд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зикр намуд, ки имрӯзҳо рушди иқтисодиёти ҳар кишварро бе инкишофи логистика тасаввур кардан ғайри имкон  аст. Зеро рушди системаҳои логистикӣ натиҷаи якчанд тамоюли ҷаҳонии рушди глобалӣ мебошад.

Дар конфронси байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба танзими фаъолияти давлатии таъмини логистика —  дастовардҳои  илмӣ ва амалии фаъолияти он, таълим ва тарбияи мутахассисон оид ба таъминоти логистикӣ, рақамикунонии инфрасохтори логистика, мушкилоти  ташкил ва рушди техникаи логистика, таҷрибаи пешрафти ширкатҳо ва марказҳои  нақлиётию логистикӣ, саҳми бонувон дар логистика, воқеият, назар ба оянда  ва имконияти захираи кадрии соҳа баррасӣ гардиданд.

Дар ҳошияи конфронс вохӯриҳои дуҷонибаи Вазири нақлиёт бо намояндагони Эрон, Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон баргузор гардиданд. Зимни онҳо дурнамои ҳамкорӣ ва мушкилоти мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Манбаъ: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news