-11.9 C
Tajikistan
Monday, December 5, 2022

Тоҷикистон 5 000 донишҷӯро барои шомил нашудан ба гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аз кишварҳои хориҷӣ бозгардонд

Дар натиҷаи тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз чорсад (400) нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон аз Сурия ва Ироқ, ҳамчунин зиёда аз панҷ ҳазор донишҷӯёни тоҷик бо мақсади пешгирии ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд. Андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати офиятбахшии онҳо идома дорад.

Ин матлабро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» дар Душанбе оғоз гардид, зикр намуданд.

Бо дахли тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ Сарвари давлат зикр намуданд, ки Тоҷикистон дар ҳамаи кӯшишҳо ва тадбирҳои байналмилалӣ ба хотири решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб пайваста ширкат намуда, яке аз иштирокдорони фаъоли ҷомеаи байналмилалии зиддитеррористӣ гардид.

«Мо бо қаноатмандӣ иброз менамоем, ки дар натиҷаи такмили батадриҷи қонунгузорӣ ва татбиқи барномаву стратегияҳои миллӣ дар кишвар барои муқовимат ба терроризму ифротгароӣ заминаи сиёсати мақсаднок ва ҳамоҳангшудаи давлатӣ гузоштем», таъкид намуданд Пешвои миллат.

Зикр шуд, ки дар доираи амалӣ намудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 Ҳукумати мамлакат миёни дигар дастовардҳои назаррас инчунин ба беҳбуди механизми пешгирӣ кардани ифротгароиву тундгароӣ ва баланд бардоштани нақши соҳаи маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ноил гардид.

Татбиқи муваффақонаи ин санад ҷиҳати таҳия ва қабули стратегияи нав барои солҳои 2021-2025 заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳоло барои татбиқи стратегияи мазкур Котиботи махсус созмон дода шуда, ҳамзамон бо ин, Платформаи ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои давлатии татбиқкунандаи он ва созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ амал менамояд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news