-1.7 C
Tajikistan
Wednesday, October 4, 2023

Пешвои миллат Эмомали Раҳмон: Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дорад

 Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» иброз доштанд, ки «мо борҳо таъкид кардаем, ки Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дошта, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳурот ҳимоя мекунад».

Ҳамзамон Сарвари давлат изҳор намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои пешгирӣ кардани интиқоли фаросарҳадии ҷангҷӯёни террорист, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

«Мо бо мақсади такмил додани раванди муҳофизати сарҳади давлатӣ ҳанӯз соли 2010 «Стратегияи миллии идора намудани сарҳад» ва нақшаи амали онро доир ба ислоҳоти низоми таъмини амнияти сарҳад барои давраи то соли 2025 бо мусоидати шарикони байналмилалӣ қабул намудем»,-зикр намуданд Президенти мамлакат.

Дар робита ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар шароити кунунӣ интиқоли ҷангҷӯёни террорист аз навоҳии ҷангзадаи Ховари Миёна ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи созмонҳои террористии байналмилалӣ дар Афғонистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ хавфи ҷиддӣ ба миён овардааст.

Таҳмили ғояҳои тундгароёна бар афкори ҷавонон ва мавҷудияти ба истилоҳ «гурӯҳҳои хуфта»-и ифротиву террористии байналмилалӣ аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти минтақа маҳсуб мешаванд.

Президенти Тоҷикистон ҳамзамон зарур шумориданд, ки таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон аз оқибатҳои фоҷеабори ин зуҳуроти номатлуб ба таври мунтазам бояд пешгирӣ карда шавад.

«Мо умед дорем, ки кишварҳои ҷаҳон дар ҳамбастагӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муқовимати муассир роҳандозӣ мекунанд ва дар роҳи пешгирӣ кардани таҳарруки террористҳо, интиқоли онҳо аз як минтақа ба минтақаи дигар, дарку фаҳмиши омилҳои таҳрикдиҳандаи терроризм, инчунин таҳияи мавқеи ягона нисбат ба мафҳумҳои ифротгароӣ ва терроризм комёб мегарданд», -гуфтанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт

5 октябр дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ҷойи ифтихору фараҳмандӣ аст, ки дар рӯзгори соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони...

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Related news