-10.6 C
Tajikistan
Monday, December 5, 2022

Зубайдулло Давлатов, сардори раёсати МТС: «Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускор дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ шинохта шуд»

«Конфронси сатҳи баланд, ки имрўз, 18 октябр дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз кард, барои табодули андешаву назарҳо, таҷриба, таҳлили манбаъҳои хатару таҳдидҳо ва андешидени тадбирҳои самараноки мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ фоидаовар хоҳад буд. Он боз як майдони дигари сатҳи баланд барои пешниҳодҳо, тадбирҳо барои ҷилавгирӣ аз вабоҳои аср- терроризму экстремизм мегардад. Тадбирҳое, ки ба муборизаи дастҷамъона бидуни мавқеи дугона қувват мебахшанд»,- иброз намуд сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ дар

Ба гуфтаи Зубайдулло Давлатов, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ шинохта шуда, ин ташаббусҳо ба ному шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванданд.

«Бори сеюм аст, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шудани конфронсҳои сатҳи баланд дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ гувоҳи эътирофи мавқеи пешқадамона ва ташаббускоронаи кишвари мост. Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои СММ тавассути иштирок дар ин чорабиниҳои сатҳи баланд аз ташаббусҳои Тоҷикистон алайҳи мубориза бо терроризм ва экстремизм дастгирӣ менамоянд»,-зикр намуд ӯ.

Номбурда таъкид намуд, ки дар кори конфронси сатҳи баланд  дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» мутахассисон, коршиносону таҳлилгарон, ходимони сиёсию давлатӣ, намояндагони СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупою дигар ташкилоти байналмилалӣ, журналистони расонаҳои гуногун иштирок менамоянд.

“Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиш тавсеаи ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таҳкими назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкорсозии ҳаракати террористҳо, минҷумла ҷангҷӯёни хориҷии террорист, муомилоти ғайриқонунии  аслиҳаи хурд ва сабук, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда, таслиҳот ва маводи ҳастаӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва радиатсионӣ, инчунин андешидани тадбирҳои зарурӣ дар бобати таъмини амният ва мудирияти сарҳад, адолати судӣ ва табодули иттилоот мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва паноҳандагон мавриди муҳокима қарор гирад. Қазияи Афғонистон низ яке аз масъалаҳои рӯзномаи ин конфронс ба шумор меравад. Сабабу омилҳои ба тундгароӣ ва терроризм мусоидаткунанда аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ мавриди баҳс ва ҳаллу фасл қарор мегиранд”,- хотиррасон намуд ў.

Ба андешаи коршинос, вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таъсири омилҳои берунӣ, таҳаввули моҳият ва миқёси таҳдидҳо ба амнияти давлатҳои ҷаҳон, дар маҷмӯъ дар назди ҷомеаи башар вазифаҳои наве мегузоранд, ки ҳалли онҳо барои муттаҳидсозии ҷомеаи дохили давлатӣ ва ҷомеаи ҷаҳон аҳамияти истисноӣ дорад. «Аҳамияти ин конфронси сатҳи баланд аз он иборат мебошад, ки хабарнигорони зиёде аз ҷараёни кори он гузориш таҳия намуда, Тоҷикистонро дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ қарор медиҳанд ва шинохти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар мегардад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бавижа ҷавонон тавассути воситаҳои ахбори омма аз кори конфронс огаҳ мегарданд, бо андешаву назари иштирокчиён шинос мешаванд, ки ин бевосита ба онҳо дар шинохти чеҳраи манфури терроризм ва экстремизм кумак менамояд»,-изҳор дошт З. Давлатов.

Ёдовар мешавем, ки аз натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» қабул мегардад, ки дар саҳифаи таърих бо ҳамин ном боқӣ хоҳад монд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news