2.9 C
Tajikistan
Wednesday, October 4, 2023

«РАВАНДИ ДУШАНБЕ». Намояндагони зиёда аз 50 кишвари узви СММ барои иштирок дар конфронси навбатӣ дархост ирсол намудаанд

«Корҳои омодагӣ ҷиҳати баргузории Конфронси навбатии Душанбе — «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» бомаром идома доранд. То инҷониб намояндагони зиёда аз 50 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид аз гӯшаву канори ҷаҳон, инчунин роҳбарияти созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва дигар коршиносони байналмилалӣ, ки дар самти мубориза бо терроризм ва мудирияти сарҳадот, аз ҷумла пешгирии ҳаракати террористҳо фаъолият мекунанд, барои иштирок дар конфронс дархост ирсол намудаанд. Мо, албатта, мунтазир ва омодаи таъмини иштироки фаъоли намояндагони кишварҳо, созмонҳо ва дигар алоқамандон мебошем»,- иброз намуд муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ Ҳотам Қурбонов.

Мусоҳиб хотирнишон сохт, ки конфронси дарпешистодаи Душанбе сеюмин чорабинии сатҳи баланд буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ дар яке аз мавзӯъҳои доғи рӯз- мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар пойтахти кишвари мо баргузор мегардад.

Ҳотам Қурбонов

«Тоҷикистон созмонҳои байналмилалию минтақавиро василаи муҳими муборизаи дастҷамъона бо хатару чолишҳои глобалии замони муосир медонад. «Солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ силсилаконфронсҳои сатҳи баландро бахшида ба мавзӯи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва пешгирии омилҳои гуногуни он, аз ҷумла сарчашмаҳои маблағгузории терроризм баргузор кардааст. Ҳамин буд, ки аз натиҷаҳои ин ҳамоишҳо «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» оғоз гардид. Дар ҷараёни ҷаласаҳои мавзӯии конфронс бо дарназардошти аҳаммияти тақвияти иқтидори ҳимоявии сарҳади давлатӣ мо тасмим гирифтем, ки бахши алоҳидаро дар мавзӯи “сафарбаркунии захираҳо” бо иштироки намояндагони кишварҳои донор ва институтҳои байналмилалии молиявӣ баргузор намоем.

Дар ҳошияи конфронс инчунин чорабинии канорӣ бахшида ба таҷрибаи марбут ба кишвари мо, ки дар минтақа аввалин шуда Стратегияи идоракунии сарҳадотро қабул намудааст, ташкил мегардад. Чунин ҷаласаҳои канорӣ инчунин аз ҷониби шарикони мо – ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ташкил хоҳанд шуд. Меҳвари ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро сиёсати «дарҳои боз» ташкил медиҳад. Ин яке аз дастовардҳои бузурги кишвари мо дар замони соҳибистиқлолист»,-илова намуд Ҳотам Қурбонов.

Бино ба гуфтаи муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ, маҳз ҳамин сиёсат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, то кишвари мо на танҳо мақом ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ қавитар созад, балки дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд.«Натиҷаҳои босамари ин сиёсат ҳангоми роҳандозии ташаббусҳои кишвар дар бобати ташкилу мизбонии якчанд чорабиниҳои байналмилалии тахассусӣ борҳо таҷассум ёфтаанд. Баргузории нишасти навбатӣ дар чаҳорчӯби «Раванди Душанбе» ва азми қавии намояндагону коршиносони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иштирок дар он гувоҳи эътирофи аҳаммияти ҷаҳонии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзу тақвияти сулҳу субот ва амният аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ мебошад»,-зикр намуд муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ Ҳотам Қурбонов.

Манбаъ: ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон/ Кумитаи тадорукоти конференсия/АМИТ «Ховар»

Latest news

БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт

5 октябр дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ҷойи ифтихору фараҳмандӣ аст, ки дар рӯзгори соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони...

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Related news