-12.6 C
Tajikistan
Thursday, December 8, 2022

САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ — САМТИ РУШДЁБАНДАИ СОҲИБКОРӢ. Андешаҳои роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Нуъмон Абдуғаффорзода бахшида ба Рӯзи соҳибкорон ва ҷанбаҳои мухталифи ин соҳа

 Вакилони мардумӣ 12 октябр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, қабули онро ҷонибдорӣ намуданд. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти савдои электронӣ танзим намуда, ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни савдои электронӣ, инчунин таъмини фаъолияти онҳо равона гардидааст. Дар Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, андешаҳои роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Нуъмон АБДУҒАФФОРЗОДАро доир ба ин мавзӯъ пешкаши хонандагон мегардонем.

—Воқеан, нақши соҳибкорон дар пешрафти мамлакат назаррас буда, барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолӣ, суботи молиявӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва афзун кардани бозори истеъмолӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Соҳибкорон бо заҳмати бунёдкорона дар рушди тамоми ҷанбаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии мо ҷиҳати таъмини рушди босуботи фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ шуда, Ҳукумати мамлакат баҳри фаъолияти самараноки соҳибкорон фазои озоди иқтисодӣ ва мусоиди соҳибкорӣ фароҳам овард.

Ислоҳот ва татбиқи он самти муҳимтарини сиёсати ҳар давлат ба ҳисоб рафта, дар давраҳои муайян вобаста ба ҳар марҳилаи таърихӣ мазмун, шакл ва моҳияти ба худ хосро касб менамояд.

Мақсади асосии ислоҳот, пеш аз ҳама, таъмини афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.

Дар ин замина яке аз иқдомҳои бевоситаи имсолаи Сарвари давлат — эълон гардидани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро бо қаноатмандӣ ва сипосгузории самимӣ бояд зикр кард.

Дар доираи мукаммалсозии инфрасохтори соҳибкорӣ, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ҳамчун майдони муҳимтарини муколама миёни давлат ва бахши хусусӣ фаъолият менамояд.

То имрӯз 22 ҷаласаи Шӯрои машваратӣ баргузор шуда, ҷиҳати татбиқи ислоҳоти зарурӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Танҳо дар ду соли охир раванди хизматрасонӣ ва ҳуҷҷатгузориҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон беҳтар гардида, истифодаи расмиёт дар реҷаи мустақим ба роҳ монда шуд.

Ҷорӣ намудани низомҳои «Равзанаи ягона» ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ, иҷозати корҳои сохтмон, бақайдгирии амволи ғайриманқул, татбиқи механизмҳои муосири молиявию бонкӣ, такмили низоми андозу гумрук ва дигар тадбирҳои дар ин самт амалигардида кори соҳибкоронро осон намуда, ба сарфаи вақт ва кам шудани хароҷоти пешбурди соҳибкорӣ мусоидат карда истодааст.

Барои таъмини рушди устувори бахши хусусӣ заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар самтҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкориву сармоягузорӣ ва низоми иҷозатдиҳӣ боз ҳам мусоид гардид.

Чораҳои амалигардида ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ такони ҷиддӣ бахшида, саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва таъмини аҳолӣ бо шуғл мутаносибан то 70 фоиз ва 68 фоиз дар соли 2022 афзоиш ёфт.

Аз оғози соли 2022 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав мавриди амал қарор дода шуд, ки барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, гузариш ба технологияҳои рақамӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ замина мегузорад.

Дар ин радиф, бо назардошти манфиатҳо ва бартарияти тиҷорат ё худ савдои электронӣ дар пешрафти иқтисодӣ масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ дар ҷаласаи 21-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ 25 феврали соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати гузаронидани таҳлилҳо дар ин самт супориш дода шуд.

Дар ҷаласаи бисту дуюми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аз 16 марти соли 2022 натиҷаҳои таҳлили рушди тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, вобаста ба он қарорҳои самаранок қабул гардиданд.

Тавре зимни баррасии масъалаи мазкур Президенти мамлакат, Раиси Шӯро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, тиҷорати электронӣ самти муосири амалиёт дар фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, Ҳукумати мамлакат вобаста ба рушди самараноки он, аз ҷумла таҳкими асосҳои дастурии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии “ҳукумати электронӣ” тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст. Ҳамчунин дар Кодекси андоз дар таҳрири нав барои рушди соҳа ҳавасмандӣ ва якчанд имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.

Президенти мамлакат зикр карданд, ки тибқи таҳлилҳо “… масъалаҳои тиҷорати электронӣ дар қонунгузории мамлакат, аз ҷумла оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, реклама, мубодилаи электронии иттилоот, имзои электронии рақамӣ ва низоми пардохтӣ маҷмӯан фаро гирифта шудаанд.” Ҳамзамон ба таври кофӣ танзим намудани ҳамаи ҷанбаҳои фаъолият дар соҳаи тиҷорати электронӣ, дар қонунгузорӣ зарурати муқаррар намудани доираи вазифа ва масъулияти иштирокчиёни тиҷорати электронӣ, аз ҷумла фурӯшандагон, операторони майдончаҳои тиҷорати электронӣ, операторони алоқа ва ташкилоти молиявии хизматрасон, ки барои боэътимод гардидани тиҷорати электронӣ муҳим мебошад, таъкид карда шуд. Дар ин робита якчанд супоришҳои дахлдор дода шуданд, ки оид ба иҷрои онҳо дар поён ишора хоҳем кард.

Қобили зикр аст, ки танзими ҳуқуқии тиҷорати электронӣ яке аз омилҳои асосии рушди ин самти фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Созмонҳои байналмилалӣ, инчунин якчанд кишварҳои Аврупо ҳанӯз дар охири асри 20 як силсила санадҳои бунёдӣ (асосӣ) қабул карданд, ки ба рушди низоми ҳуқуқии миллӣ дар ин самт мусоидат мекунанд. Аз ҷумла, Қонуни намунавии ЮНСИТРАЛ «Дар бораи тиҷорати электронӣ» – ро зикр кардан зарур аст, ки ҳанӯз соли 1996 қабул шудааст.

Мувофиқи маълумот, танҳо фарогирии фаъолияти ширкатҳои тиҷорати электронӣ дар ҷаҳон аз соли 2014 то соли 2021-ум 260 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми фурӯши чаканаи тиҷорати электронӣ аз 1,3 триллион доллар то ба 5 триллион доллар расидааст. Солҳои наздик ҳиссаи тиҷорати электронӣ 17,5 фоизи тамоми фурӯши чаканаи ҷаҳониро ташкил хоҳад дод.

Дар тиҷорати электронии ҷаҳонӣ Минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором пешсаф буда, 64,3% тиҷорати электронии ҷаҳонӣ ба ин минтақа рост меояд. Аз даҳ шаш кишвари босуръат афзояндаи тиҷорати электронӣ, аз ҷумла Ҳиндустон ва Филиппин (бо беш аз 30%-и тиҷорати электронӣ), инчунин Чин, Малайзия, Индонезия ва Кореяи Ҷанубӣ ба ҳисоб мераванд.

Бо назардошти ин, истифодаи имконияти бештари рушди ояндаи ин самт ногузир буда, барои ба роҳ мондани фаъолияти самаранок фароҳам овардани шароит ва инфрасохтори зарурӣ барои аз шакли маъмулӣ ба электронӣ интиқол додани тиҷорат тибқи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Тиҷорати электронӣ имкон медиҳад, ки хароҷот вобаста ба ташкили савдо бамаротиб коҳиш ёфта, амалиёт ба таври ғайринақдӣ анҷом дода шаванд, инчунин сарфаи вақт барои гузаронидани амалиёт таъмин гардад. Ин ба таъмини шаффофият ва пурра пардохт кардани андозҳо мусоидат менамояд.

Дар давраи пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон ширкатҳои зиёди хусусӣ, ки дар реҷаи мустақим ва бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ хизмат мерасонанд, таъсис ёфта, ҳоло бомаром фаъолият доранд.

Шумораи чунин субъектҳо ба ҳолати 1 январи соли 2022 ба 640 адад расида, аз ин шумора 51 субъект шахсони ҳуқуқӣ ва 589 субъект тибқи шаҳодатнома фаъолият менамоянд. Даромади солонаи онҳо 85,5 миллион сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб ба буҷет 16,6 миллион сомонӣ андоз пардохта шудааст.

Тавре қаблан зикр намудем, дар ҷаласаи 22-юми Шӯро вобаста ба масъалаҳои тиҷорати электронӣ якчанд супоришҳои дахлдор дода шуда, ҷиҳати иҷрои онҳо то имрӯз тадбирҳои муҳим амалӣ карда шудаанд. Лоиҳаи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдои электронӣ” бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Ҳамчунин лоиҳаи Барномаи рушди савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи барномаи мазкур таҳия карда шуд.

Дар маҷмӯъ, дар бозори Тоҷикистон имконият барои рушди тиҷорати электронӣ зиёд буда, хариди молу хизматрасонӣ тариқи реҷаи мустақим ва ғайринақдӣ тамоюли афзоиш дорад.

Итминон дорем, ки мукаммал намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва асосҳои иқтисодии соҳа тавассути қабул ва татбиқи санадҳои зикргардида ба таъмини бештари рушду тавсеаи тиҷорати электронӣ ҳамчун самти муосири соҳибкорӣ дар ҷумҳуриамон мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2014 инҷониб ҳамасола 14 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон 14 октябри соли 2014 иброз дошта буданд, ки «ба хотири заҳматҳои кашидаи шумо дар роҳи ободии Ватан ва ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти содиқонаву софдилонаатон 14 октябр дар мамлакат Рӯзи соҳибкорон эълон карда шавад».

Аз оғози замони истиқлолият рушди соҳибкориву сармоягузорӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, ҳанӯз 11 августи соли 2001 мулоқоти нахустини Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардид. Он барои гузаронидани ислоҳот ва фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти соҳибкорӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Сипас, солҳои 2001, 2003, 2007, 2010, 2014, 2015, 2017 ва 2019 мулоқоти хоссаи Сарвари давлат бо соҳибкорону сармоягузорон баргузор шуда, аз як вохӯрӣ то вохӯрии дигар дар рушди бемайлони соҳибкориву сармоягузорӣ таҳаввулоти тоза ба вуқӯъ пайвастанд.

ДАР АКСИ АВВАЛ: Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии ҶДММ «Нури Истаравшан», 10.08.2022.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....