-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Беларус Андрей Швед мулоқот намуд

 12 октябр дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Андрей Швед баргузор гардид, ки зимни он паҳлӯҳои мухталифи ҳамкорӣ доир ба пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм баррасӣ карда шуданд.

Зимни мулоқоти дуҷонибаи муштарак миёни прокурорҳои генералии ду кишвар робитаҳои зич ва муҳими мақомоти прокуратураи кишварҳо ва ҳамкории дуҷониба махсус таъкид карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот паҳлӯҳои мухталифи ҳамкориро дар самти пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм, таъмини амнияти миллию минтақавӣ, пешгирии фаъолияти созмонҳои ифротгароиву террористӣ миёни аҳолӣ, бахусус миёни муҳоҷирони корӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, мубодилаи таҷрибаи тарафайн, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар самти тафтиши муштараки парвандаҳои ҷиноятӣ, андешидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, эътирофи ташкилоти хатарзо ҳамчун террористӣ дар қаламрави якдигар ва инчунин дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мулоқоти дуҷонибаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Андрей Швед дар рӯҳияи дӯстона, ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ анҷом ёфт.

Манбаъ: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикисто/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news