5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРӢ АЗ ТОҶИКИСТОН. 58 нафар соҳиби раводиди Ҷумҳурии Корея барои кори мавсимӣ шуданд

 58 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори мавсимӣ дар самти кишоварзӣ соҳиби раводиди Ҷумҳурии Корея гардиданд.

Тавре Директори Муассисаи давлатии  «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Диёр Норматов иброз намуд, имрӯз дар доираи  шартномаи баимзорасида миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба шаҳри Хампёнги музофоти Ҷоланамдо 23 нафар мутахассисони соҳаи кишоварзии тоҷик ба кори мавсимӣ сафарбар гардиданд.

Диёр Норматов зикр намуд, ки қабули шаҳрвандон барои сафар охири моҳи майи имсол шурӯъ гардида буд. Аз 78 нафари номнависшуда мувофиқи талаботи корфармои кореягӣ 58 нафар соҳиби раводид шуда, тибқи нақша 23 нафар шаҳрвандон имрӯз ва 35 нафар 16 октябр тавассути хатсайри Тошканд – Сеул ба Ҷумҳурии Корея ба кор мераванд. Ин нафарон тибқи талаботи корфармо 30- сола мебошанд. Тамоми ҳуҷҷатгузорӣ дар марказ сурат гирифта, танҳо ҳар моҳ аз ҳисоби коргар 20 фоиз гирифта мешавад. Хароҷоти роҳ аз ҳисоби коргар масраф мегардад.

«Дар Ҷумҳурии Корея коргарон аз ҷониби корфармо бо се вақт хӯрок ва ҷойи хоб таъмин карда мешаванд. Як соати корӣ 8 доллар муайян гардида, муҳлати шартномаи меҳнатӣ панҷ моҳ мебошад. Пас аз панҷ моҳ муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ба ватан баргарданд»,- гуфт ӯ.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли охир ҷиҳати гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамкориро бо кишварҳои ба қувваи корӣ эҳтиёҷманд ба роҳ мондааст. Дар айни замон якчанд лоиҳаи созишномаҳо дар баррасии тарафҳо қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии  «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат давоми соли равон 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори мавсимӣ ба Британияи Кабир низ сафарбар мегарданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news