-13.9 C
Tajikistan
Wednesday, March 22, 2023

«РЕЙТИНГИ ДОНИШГОҲИ АВРУОСИЁИИ IAAR (IAAR-EUR) — 2022». Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар зинаи 4-ум ҷой гирифт

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалии «Рейтинги Донишгоҳи АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR) — 2022» мақоми 4-умро ишғол намуда,  бо ҷоизаи бонуфузи «Эътироф дар саросари ҷаҳон» мушарраф гардид.

Рейтингро Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) анҷом дода, дар Форуми VI байналмилалии Осиёи Марказӣ оид ба таъмини сифати таҳсилот натиҷаҳои Рейтинги байналмилалии  Донишгоҳи АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR)»-2022 (IAAR Eurasian University Ranking (IAAR — EUR)-2022) ҷамъбаст гардиданд.

Аз рӯи натиҷаҳои таҳлилшудаи коршиносон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Рейтинги байналмилалии  Донишгоҳи АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR) — 2022» мақоми 4-умро гирифт. Инчунин Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҷоизаи бонуфузи «Эътироф дар саросари ҷаҳон IAAR EUR» (IAAR EUR Worldwide recognition) сарфароз гардид.

Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) аввалин агентии аккредитатсия аз кишварҳои ИДМ мебошад, ки мақоми баланди эътирофи Федератсияи умумиҷаҳонии таълими тиббии WFME/WFME-ро гирифтааст.

Фаъолияти Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг (HAAR/IAAR) ба стандартҳои таъмини сифат дар Минтақаи таҳсилоти олии аврупоии «ESG» ва Федератсияи ҷаҳонии таҳсилоти тиббии «WFME» мувофиқат мекунад.

Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) аккредитатсияи байналмилалии  махсусгардонидашуда (барномавӣ) буда, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Агентӣ, аз ҷумла дар Қазоқистон, Тоҷикистон, Молдова, Россия, Руминия, Узбекистон санҷишҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад.

Ёодовар мешавем, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг  (HAAR/IAAR) — узви комилҳуқуқи шабакаҳои Аврупо, Осиё ва Амрико ва агентиҳои сифати таҳсилот: INQAAHE — Шабакаи байналмилалии агентиҳои таъмини сифат дар таҳсилоти олӣ; CHEA/CIQG — Гурӯҳи байналмилалии сифат, Шӯрои аккредитатсияи таҳсилоти олӣ дар ИМА;  CEENQA — Шабакаи агентиҳои таъмини сифат дар таҳсилоти олӣ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ; APQN — Шабакаи таъмини сифат дар Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад.
Агентӣ  намояндагии худро дар Иттиҳоди Аврупо дар Рига (Латвия) низ дорад.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2019 миёни Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома ба имзо расидааст.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешқадами таҳсилоти олии ватанӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба такмили ихтисосҳо ва баланд бардоштани  сифати таълим иқдом намуда, соҳиби мақоми ифтихорӣ гардид.

Манбаъ: ДМТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news