-12.6 C
Tajikistan
Thursday, December 8, 2022

ИМРӮЗ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ФАРБЕҲӢ. Дар Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024» татбиқ мешавад

11 октябр аз ҷониби Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) Рӯзи ҷаҳонии фарбеҳӣ таҷлил мешавад. Дар аксари кишварҳои пешрафтаи Аврупо аз 15 то 25 дарсади аҳолии синни калон аз фарбеҳӣ азият мекашанд. Вақтҳои охир дар саросари ҷаҳон афзоиши фарбеҳӣ миёни кӯдакон ва наврасон низ мушоҳида мешавад: дар кишварҳои пешрафта 25% наврасон вазни зиёдатӣ ва 15% фарбеҳӣ доранд.

Вазни зиёдатӣ дар кӯдакӣ яке аз омилҳои фарбеҳӣ дар калонсолӣ мебошад: 50% кӯдаконе, ки дар 6-солагӣ вазни зиёдатӣ доранд, дар синни наврасӣ фарбеҳ мешаванд.

Вазни андак зиёд ба ҳисоби миёна 3-5 сол ва дар сурати фарбеҳии шадид то 15 сол умри инсонро коҳиш медиҳад. Тақрибан дар ду аз се ҳолат марги шахс аз бемории марбут ба вайроншавии мубодилаи чарбҳо ва фарбеҳӣ рух медиҳад.

Зайнаб Анварӣ

«Имрӯз фарбеҳӣ яке аз мушкилоти рӯз миёни сокинони сайёра гашта, дар Тоҷикистон низ чунин ҳолат ба назар мерасад. Аз тарафи кормандони МД «Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим» оид ба пешгирии пахншавии фарбеҳӣ тибқи «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» миёни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда мешаванд. Барнома бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019 қабул гардидааст. Дар робита ба барномаи мазкур дар якҷоягӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш нақшаи чорабиниҳо ташкил карда шуда, аз рӯи он корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Дар якҷоягӣ бо ғизошиносон варақаҳои иттилоотӣ оид ба «Пешгирии фарбеҳӣ» ва «Ғизои солим» омода карда шуда, миёни аҳолӣ тақсим карда мешаванд»,-иброз дошт Директори Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Зайнаб Анварӣ.

Тибқи иттилои ў, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Раёсати тандурустӣ баҳри солимии аҳолӣ «Корвони саломатӣ», ки ройгон хизмат мерасонад, роҳандозӣ шудааст. Тавассути «Корвони саломатӣ» мутахассисони МД «Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим» корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

«Мутаассифона, дар Тоҷикистон бештари мардум қоидаҳои одии тарзи ҳаёти солимро риоя намекунанд ва фикр мекунанд, ки саломатии онҳо танҳо аз табибон вобаста аст, на аз худашон. Ҳар кас бояд аз худ бипурсад, ки оё ӯ тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад? Дар Тоҷикистон ҳазорҳо майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки ҳар шахс дар ҳавои тоза ба обутоби бадан машғул шавад, аммо на ҳама аз он истифода мебаранд. Вақтҳои охир дар Интернет таблиғоти гуногунро оид ба парҳез пешкаш мекунанд. Аммо аз онҳо набояд истифода бурд. Бисёре аз ин нафарон маълумоти тиббӣ надоранд ва ба мардум парҳезҳои гуногунро пешниҳод мекунанд. Чунин парҳезҳо метавонанд ба шахс зарар расонанд. Ҳар шахс ҳангоми парҳез бояд ҳамеша бо духтури худ, ки хусусияти бадани беморро медонад, машварат намояд. Ҳар инсон ҷисми инфиродӣ дорад, агар як парҳез ба касе кумак кунад, метавонад ба нафари дигар зарар расонад»,-чунин иброз дошт Зайнаб Анварӣ.

Ба ақидаи мутахассис, шахс набояд саломатии худро то ба ҳолате расонад, ки ба парҳез муҳтоҷ шавад.Тавре сокини пойтахт Манижа Саидова зикр кард, таомҳои тоҷикӣ бештар аз орд тайёр карда мешаванд. «Ман худам нонҳои гуногун, аз ҷумла, чапотӣ, фатир, қалама, қаламаи пиёздор, нони ҷаззадор ва ғайраро зиёд мепазам. Ман бисёр хӯрокҳои хамирӣ омода мекунам. Фикр мекунам, ки ҳар зани хонанишини тоҷик бо хамир сару кор гирифтанро дӯст медорад. Аҳли оилаи ман мантуву самбӯсаро бо гӯшт, каду, алафҳои гуногун, лағмон, бичак ва орзуқро дӯст медоранд. Рӯзҳои истироҳат ва ид ман чак-чак ва кулчақандҳои гуногун омода мекунам. Кӯдаконам хӯрдани атола, ширчой бо нон, қурутобу шакаробро дӯст медоранд», — афзуд мусоҳиб.

Ба гуфтаи Манижа, ӯ қариб ҳар субҳ дар танӯр нон мепазад ва барои субҳона ба наздиконаш нони гарму хушбӯй пешкаш мекунад.

«Истифодаи аз ҳад зиёди маҳсулоти хамирӣ ва шириниҳо оқибатҳои манфӣ ба бор меоранд. Карбогидратҳое, ки дар таркиби маҳсулоти хамирӣ мавҷуданд, дар якҷоягӣ бо равған ва шакар на танҳо ба фарбеҳӣ ва афзоиши босуръати вазн мусоидат мекунанд, балки метавонанд боиси ихтилоли мубодилаи моддаҳо, бемориҳои рӯдаю меъда, аллергия, диабети қанд ва пайдоиши варамҳо шаванд. Тасодуфӣ нест, ки аксари парҳезҳо истеъмоли ғизоҳои крахмалӣ ва хамириро маҳдуд мекунанд», – таъкид намуд Директори Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Зайнаб Анварӣ.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news