-3.6 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Дар Бонки миллии Тоҷикистон тарҳи нави лоиҳаи «Асосҳои рақамии Тоҷикистон» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд

Масъалаҳои ташаккули тарҳи нави лоиҳаи «Асосҳои рақамии Тоҷикистон», такмили ҷузъҳои он бо мақсади татбиқи Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои минбаъдаи Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон зимни мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии мутахассиси калони бахши рушди рақамӣ Чарлз Хёрпи дар Душанбе баррасӣ гардид.

Гулбаҳор Назирӣ аз ҳамкории судманд ва кумакҳои ин ташкилоти байналмилалии молиявӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф гуфт, ки татбиқи ин лоиҳа барои амалисозии мақсадҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, бахшҳои бонкию молиявӣ, афзун намудани пардохтҳои ғайринақдӣ ва беҳтар намудани дастрасии молиявии қишрҳои васеи аҳолӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ бо лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки татбиқи онҳо ба рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ таъсири мусбат мерасонад, шинос гардидд. Амалисозии лоиҳаҳои мазкур корро дар ин самт самаранок гардонида, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва суботи низоми бонкию молиявии кишварро таъмин менамояд. Мутахассисони калони бахши рушди рақамӣ Чарлз Хёрпи ва Анелия Мюллер аз ҳамкории доимии судманд бо Бонки миллии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки машварату муҳокимаҳо дар самти пешбурди лоиҳаи «Асосҳои рақамии Тоҷикистон» идома доранд.

Зикр шуд, ки лоиҳа аз се банд иборат буда, дар он пешниҳоди босифати хизматрасониҳои давлатӣ, татбиқи пурраи самти иқтисодиёти рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии рақамии аҳолӣ ва мансабдорони давлатӣ дарҷ гардидааст.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки ҳамкории пурсамари Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ба рушди шабакаҳои дастрасии хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, пешниҳоди маҳсулоти молиявии босифат, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ мусоидат менамояд.

Манбаъ: Бонки миллии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news