-3.1 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Норасоии кадрҳои омӯзгорӣ бартараф мегардад»

Бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 4347 нафар хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ, аз ин теъдод  3142 нафар бо маълумоти таҳсилоти олӣ ва 1205 нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ сафарбар карда шуданд.

«Ҳамасола ҷиҳати бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби сарраёсат, раёсатҳо ва шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба вазорат дархост пешниҳод мегардад. Эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2022-2023 ба 3406 нафар пешниҳод гардида буд», — гуфта шуд дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми  мамлакат «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири сол», ки  10 октябри соли равон  дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  баргузор шуд.

Зикр гардид, ки бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо омӯзгорони ҷавон фармоиши Вазири маориф ва илм ба тавсиб расид.

Тибқи маълумоти омории пешниҳоднамудаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ соли 2022 муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо равияи омӯзгории гурӯҳҳои буҷавӣ 7153 (миёнаи касбӣ 1830, олии касбӣ 5323) нафар хатм намуданд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ айни замон норасоии кадрҳои омӯзгорӣ аз 3406 нафар ба ҳолати 30 сентябри соли равон  ба 351 нафар расонида шуд.

  Манбаъ: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news