-12.6 C
Tajikistan
Thursday, December 8, 2022

Барои бунёди НБО –и «Себзор» 17 хоҷагӣ ба ҷойи нав кӯчонида шуда, онҳо соҳиби манзили нав гардиданд

Тибқи лоиҳаи бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор», 17 хоҷагӣ, ки заминҳояшон зери сохтмон қарор гирифта буд, ба ҷойҳои нав кӯчонида шуданд. Аз ҷумла, 7 хоҷагӣ дар деҳаи Чагеви Болои ноҳияи Роштқалъа соҳиби манзилҳои нави истиқоматӣ гардиданд.

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, котиби Шӯрои амният Насрулло Маҳмудзода ва Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъазода бо шароити рӯзгори хоҷагиҳои мазкур аз наздик шинос гардида, бо сокинон суҳбат намуданд.

Дар деҳаи навбунёд роҳи мошингард сохта шуда, хати об низ бароварда мешавад.

Насрулло Маҳмудзода аз шароити фароҳамгардида дар ин ҷо ва бунёди хонаҳои замонавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаву барномаҳои муҳими стратегӣ бо шарикони рушд дар ҷумҳурӣ пиёда мегарданд, ки ба беҳтарсозии рӯзгори сокинони кишвар, бахусус дар деҳоти дурдаст мусоидат менамоянд.

НБО –и «Себзор» барои сокинони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ ва бо маоши хуб таъмин намудану  коҳиш додани сатҳи бекорӣ имконияти хуб фароҳам меорад.

Ҳоло раванди созандагиву бунёдкорӣ дар ВМКБ ба марҳилаи тоза ворид гардида, дар тамоми гӯшаю канори он бунёдкорию  созандагӣ бо суръати баланд пеш мераванд.

Акнун барои муҳоҷирони ба ватанбаргашта низ имконияти мусоид фароҳам аст, то дар зодгоҳ бо ҷойи кор таъмин шаванд.

Сокинони деҳа ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ва кумак дар бунёди хонаҳои истиқоматӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 29 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳҳои барқии «Хоруғ» ва «Помир-1» оғоз бахшиданд. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Себзор» ва татбиқи барномаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят бо ҷумҳурӣ ба таври маҷозӣ шинос шуданд.

НБО-и «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа ҷойгир буда, то имрӯз барои заминагузорӣ ба оғози корҳои сохтмонӣ чораҳои зарурӣ бо муваффақият анҷом дода шудаанд. Татбиқи лоиҳаи бунёди ин иншооти гидроэнергетикӣ моҳи декабри соли 2020 оғоз гардидааст. Неругоҳ аз се агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии он аз рӯи лоиҳа 11 мегаватт дар як шабонарӯз мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 54 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

НБО-и «Себзор» дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза сохта шуда, ба рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Дарозии хати интиқоли барқи бунёдшаванда 24,3 километрро ташкил медиҳад ва барои амалӣ намудани лоиҳа 4,1 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки соли 2021 ба ифтихори ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи  Мирсаид Миршакари  ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бинои маъмурии Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба истифода дода шуд.

Манбаъ: МИҲД ВМКБ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news