-13.3 C
Tajikistan
Wednesday, March 22, 2023

Ҷоизаи Нобелро дар соҳаи адабиёт адиби фаронсавӣ Анни Эрно соҳиб гардид

 Ҷоизаи Нобел дар соли 2022 дар бахши адабиёт ба нависандаи фаронсавӣ Анни Эрно барои «ҷасорат ва борикбинӣ, ки бо он манбаъ, ҷудоӣ ва чаҳорчӯби дастҷамъонаи хотираи шахсиро ошкор мекунад», дода шуд. Дар ин бора дар саҳифаи расмии Twitter-и ҷоиза гуфта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар сомонаи ҷоиза иттилоъ дода мешавад, ки дар фаъолияти эҷодӣ  Энни Эрно пайвастаю ҳамаҷониба ҳаётро бо тамоми паҳлуҳои зуҳуроти мухталифаш таҳқиқ менамояд. Дар баробари ин таъкид  мешавад, ки осори нависанда оштинопазир буда, бо забони сода навишта шудааст.

Шуҳрати байналмилалӣ ва бисёр пайравону шогирдонро ба Эрно романи «Солҳо» ҳадя намуд, ки онро «аввалин асари тарҷумаҳолии гурӯҳӣ» номиданд. Шоири немис Дурс Грюнбайн ин асарро «эпопеяи (воқеаномаи) иҷтимоӣ»-и навоваронаи ҷаҳони муосири Ғарб ҳисобид. Дар маҷмӯъ, дар кӯлвори нависанда зиёда аз 20 асар дида мешавад.

Миёни солҳои 1901 ва 2021 дар бахши адабиёт 114 ҷоизаи Нобел дода шудааст. Ҷавонтарин барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1907 Рудярд Киплинги 41-сола буд, ки ба шарофати «Китоби ҷангал» машҳури ҷаҳон гардид. Куҳансолтарин барандаи ҷоиза дар ин соҳа дар соли 2007 Дорис Лессинг буд, ки вай дар синни 88 бо он сарфароз шуд.

Маросими супоридани ҷоизаи Нобел дар соли 2022 10 декабр, дар рӯзи марги Нобел баргузор мешавад. Қисмати пулӣ дар ҳар  номина 10 миллион кронро ташкил хоҳад дод, ки бо қурби кунунӣ тақрибан ба 915 000 доллар баробар аст.

ДАР АКС: Анни Эрно. Акси nobelprize.org

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news