-11.9 C
Tajikistan
Monday, December 5, 2022

Тоҷикистон мизбони Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад

Аз 14 то 18 октябр Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони Бозиҳои Делфӣ — сабқати ҷаҳоние мегардад, ки он соли 582-и пеш аз мелод дар Юнон бо номи Пиф баргузор мешуд.

Тавре Сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги мамлакат Муборак Бадалова иттилоъ дод, имсол дар Тоҷикистон Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд. Дар онҳо зиёда аз 500 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ аз рӯи номинаҳои фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, сарояндаи академӣ, сарояндаи халқӣ, сарояндаи эстрада, рақси халқӣ, созҳои нафасӣ, созҳои халқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ҳар иштирокчӣ ҳамчун узви ҳайати расмӣ шарафи кишвари худро ҳимоя намуда, иқтидори фарҳангии мамлакати худ ва сатҳи муосири рушди ҳунарашро нишон медиҳад. Ба ҳайати ҳакамон 40 нафар ходимони шинохтаи фарҳангу ҳунари ИДМ шомил мебошанд.

Маросими ифтитоҳи расмӣ ва пӯшидашавии Бозиҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ доир шуда, ҳамзамон дар доираи он дар мавзӯи «Бистсолагии Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои ИДМ, таърих ва дурнамо» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад.

Ғолибони Бозиҳо бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз гардида, барои ҳунарнамоии арзанда ҳайати ҳакамон иштирокчиёни алоҳидаро бо дипломҳо қадрдонӣ мекунанд. Ҷараёни баргузории Бозиҳо дар зиёда аз 800 шабакаи радио ва телевизион, шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои ҷаҳон инъикос меёбанд.

Ҳадаф аз баргузории Бозиҳои Делфӣ — дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ, маънавиёти наврасону ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.

Хотирасон мешавем, ки тибқи қарори Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баҳри ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2016-2020, ҳамасола баргузории Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида мешавад. Фаъолияти Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ аз ҷониби 65 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки таърихи Бозиҳои Делфӣ аз соли 582 пеш аз милод ҳисоб карда мешавад. Номи пешинаи он Пиф буд. Беш аз 1600 сол пеш ин бозиҳо манъ гардида, танҳо аввали асри XX эҳё карда шуданд. Аз соли 1927 то 1930 дар Юнон ҷашнвораи Делфӣ баргузор шуд. Аммо Ҷанги дуюми ҷаҳон сабаб гардид, ки баргузории намоиши олии ҳунар қатъ шавад.

Давраи нави Бозиҳои Делфӣ соли 2000 оғоз ёфт ва бо иштироки 27 давлат дар Россия аввалин Бозиҳои Делфии ҷаҳонӣ баргузор гардиданд. Дар он аз рӯи 18 номина 938 нафар ширкат варзида, доварон намояндагони 13 кишварро дарбар гирифтанд.

То имрӯз 14 Бозҳои Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида шудаанд. Танҳо дар даври хотимавии чорабиниҳо зиёда аз 10 ҳазор нафар ҷавонписарон ва духтарони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ ширкат варзиданд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2017 дар Екатеринбург хонандаи Мактаби миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев Идибек Тошев медали тиллои ин озмуни бонуфузро ба даст оварда буд.

Манбаъ:АМИТ «Ховар»

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news