-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Сафири Қирғизистон нотаи эътирозӣ супорид

7 октябр, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват карда шуд.

«Ба Сафири Қирғизистон нотаи эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти роҳбари маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Ч. Кустебаев супорида шуд».

Зимнан зикр гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ин гуна изҳороти пасти котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистонро чун далели аз миён рафтани фарҳанги сиёсӣ ва набудани ахлоқи одии дипломатӣ медонад.Таъкид гардид, ки ин тавзеҳоти намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон кӯшиши дағалонае барои таҳмили ақидаи бардурӯғ ба афкори умум доир ба сабабҳои аслии таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон мебошад. Зикр гардид, ки чунин изҳороти риёкорона ба ҳолат ва ҳарфи протоколҳое, ки ҷонибҳо 19 ва 25 сентябри соли 2022 имзо кардаанд, мувофиқат намекунад.

Зимни мулоқот доир ба зарурати ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз пайдо шудани паёмҳо дар фазои иттилоотӣ, ки метавонанд ҷомеаи ҳарду кишварро ба иштибоҳ андозанд, табодули афкор сурат гирифт.

                                                             Акс: ВКХ ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news