-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии Федералии Маркази илмию тадқиқотии ғизо, биотехнология ва бехатарии махсулоти хӯроквории Федератсияи Россия  дидан намуд.

Гурӯҳи корӣ барои табодули таҷриба, бастани шартномаи ҳамкорӣ ва гузаштани давраи махсуси омӯзишӣ дар масъалаҳои ғизо (диетология) ба Федератсияи Россия сафарбар гардид.

Ҳамчунин дар доираи сафар намояндагони Тоҷикистон бо директори Муассисаи давлатии федералии маркази илмию тадқиқотии ғизо, биотехнология ва бехатарии махсулоти хӯроквории Федератсияи Россия,  академик Дмитрий Никитюк, сардиетологи Федератсияи Россия, академик Виктор Тутелян ва ҳайати профессорону мутахассисон вохӯрӣ намуда,  масъалаҳои ҳамкории минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Намояндагони Тоҷикистон зикр намуданд, ки масъалаҳои ташкили ғизои аҳолӣ яке аз самтҳои асосии стратегии Ҳукумати мамлакат буда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ қабул гардидани 2 қонун, 2 стратегия, 3 барнома ва 1 нақшаи сатҳи миллӣ гувоҳи муҳим будани масъалаи мазкур мебошад.

Манбаъ: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ/

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news