-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад. 

Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо    аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардҳо ва 7 вазн миёни бонувон) доир мегардад. Дар чемпионати ҷаҳон 563 варзишгар  (305 мард, 258 зан) аз 85 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо    дар шаҳри  Тошканд 9  паҳлавони шинохта  намояндагӣ мекунанд. Дар  вазни то 66 кг —  Эмомалии Нуралӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Эмомалӣ дар даври аввал озод буда, дар даври 2-юм бо варзишгари  кубагӣ – Орландо Поланко қувва месанҷад.

Дар вазни то 73 кг  51 варзишгар  барои ба даст овардани медалҳои фахрӣ миёни ҳам мубориза мебаранд. Тоҷикистонро дар ин вазн Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Беҳрӯз Хоҷазода намояндагӣ мекунанд. Муҳаммадраҳим Сарахонов шомили зергӯри «А» буда, дар даври аввал бо Нилс Стумп аз кишвари Швейтсария рӯи татамӣ мубориза мебарад. Беҳрӯз Хоҷазода бо варзишгари  фаронсавӣ Аксус Бенҷамин дар даври аввал вомехӯрад.

47 дзюдочӣ  дар  вазни то 81 кг номнавис шудаанд. Дар ин вазн Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков шарафи Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд. Шодмон дар даври аввад озод буда, дар даври дуюм бо Ашраф Моутил аз кишвари Марокаш қувва месанҷад. Сомон дар даври аввал бо  Франкойс Гаузейр аз Канада рӯ ба рӯ мешавад.

Дар вазни то 90 кг  49 варзишгар  ширкат меварзанд. Дар ин вазн Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов аз Тоҷикистон ширкат меварзанд. Комроншоҳ дар даври аввал бо  варзишгари  булғорӣ Ивайло Иванов  рақобат мекунад. Ҷаҳонгир дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Станислав Гунченко аз Украина ва Милан Рандл аз Словекия сабқат мекунад.

Дар вазни то 100 кг кишвари моро Абубакри Акобир муаррифӣ мекунад. Абубакр дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо варзишгари  номвари испанӣ Николоз Шеразадашвили қувваозмоӣ мекунад.

Миёни сангинвазнҳо (+100 кг) паҳлавони бомаҳорати тоҷик Темур Раҳимов ягона намоянда аз кишварамон аст. Темур дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Мариус Физел аз Словекия ва Кристиан Коновал аз ИМА вомехӯрад.

Ёдовар мешавем, ки  аз  6  то 13  октябр шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон мизбони Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо    миёни калонсолон мегардад.

                                     Манбаъ: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news