-13.1 C
Tajikistan
Thursday, December 8, 2022

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Конфронси дарпешистодаи СММ оид ба об 2023-раванди такондиҳанда барои рушди устувор

Ҳадафи конфронси оби СММ дар соли 2023- ин, пеш аз ҳама, андешидани амалҳои муштарак ҷиҳати ноил шудан ба нақшаҳое, ки дар сатҳи байналмилалӣ оид ба об тасдиқ шудаанд, ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд ба ҳайси ҳамраиси конфронс, UNDESA ва СММ-Об ҳамчун котибони чорабинии мазкур ҳадаф доранд, ки Конфронси Оби СММ-2023-ро ба нуқтаи даврие табдил диҳанд, ки тамоми ҷаҳонро барои ноил шудан ба ҳадафҳои об муттаҳид карда тавонад. Чунин  ибрози андеша намудааст намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, узви гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ва баргузории Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2023 Саноӣ БОЙЗОДА зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар», ки шакли пурраи онро метавонед дар инҷо пурра мутолиа намоед.

Ба гуфти Саноӣ Бойзода, конфронси дарпешистода тавассути пешбурди қарорҳое, ки бо роҳи далелҳои илман асоснок ба даст оварда шудаанд, такмил додани дониш ва таълим, нишон додани муносибатҳои шарикии муваффақона, фаъолияти таблиғӣ- иттилоотии амалкардҳои шабакавӣ ба роҳ монда мешавад. Он имкон медиҳад, то ҳамкорӣ ва шарикӣ дар сатҳҳои гуногун мустаҳкам карда шавад.

Ҳадафи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»- ин беҳтар намудани ҳамкорӣ, шарикӣ, рушди иқтидор ва фаъолгардонии амалҳои ҷавобӣ ба Рӯзномаи СММ барои рушди устувор то соли 2030 мебошад.

«Об метавонад шарикони гуногунро ҳамчун манбаи маҳдуд ё ҳатто манбаи низоъҳо аз ҳам ҷудо созад, аммо об инчунин ҳамаи моро ба ҳам сарҷамъ меорад ва тавассути ҳамкории фарогир муносиботи шарикӣ эҷод мекунад. Барои ба роҳ мондани ин ҳамкории мутақобилан судманд ва таъмини амнияти об барои аҳли сайёра ба мо механизмҳои муассиртар – идоракунии об, маблағгузорӣ, арзёбӣ ва ҳамкорӣ зарур мешаванд»,-изҳор медорад С.Бойзода.

АКС аз бойгонии шахсии Саноӣ Бойзода

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news