-4.6 C
Tajikistan
Friday, December 1, 2023

Намояндагони Тоҷикистон бо ҷараёни амалишавии раванди ғанисозии орди гандумӣ дар Узбекистон шинос шуданд

Намояндагони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, корхонаҳои истеҳсоли орд ва бахши хусусӣ зимни сафари чаҳоррӯзаи омӯзишӣ ба Узбекистон бо ҷараёни амалишавии раванди ғанисозии орди гандумӣ шинос гардиданд.

Ин сафар аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии  /БОҶ/ Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар ҷараёни сафари омӯзишӣ иштирокчиён вобаста ба заминаҳои ҳуқуқӣ, таҷриба, дастовардҳои корхонаҳои истеҳсоли орд оид ба ғанигардонии орди гандумӣ дар Узбекистон, хариди микроэлементҳо ва дастгирии корхонаҳои истеҳсоли орд маълумот гирифтанд. Узбекистон дар самти ғанигардонии ғизо бо минералҳо ва витаминҳо, аз ҷумла ордигандумӣ таҷрибаи назаррас дорад.

«Ин иқдом ба мо имкон медиҳад, ки бо дастовардҳо, асосҳои дастурӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ғанисозии орди гандумӣ дар Узбекистон шинос гардем. Ин сафар татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» ва «Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он миёни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027»-ро тақвият хоҳад дод, гуфт намоянда ва директори БОҶ-и СММ  дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам.

Ба таъкиди ӯ, БОҶ уҳдадор аст, ки ба ҳукумат, бахши хусусӣ ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ғанигардонии орди гандумӣ дар Тоҷикистон кумаки техникӣ расонад.

Ғанигардонӣ яке аз воситаҳои камхарҷи мубориза бо норасоии микроэлементҳо мебошад, ки масъалаи ҳалаталаби тандурустӣ дар ҷомеа, бахусус миёни занону кӯдакон дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Норасоии ғизоӣ метавонад ба авҷи бемориҳои гуногуни ба ғизо алоқаманд оварда расонад. Ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи норасоии ғизоӣ якчанд стратегия ва барномаҳои давлативу соҳавиро қабул намуда, таъмини амнияти озуқавориро яке аз ҳадафҳои стратегӣ дар Стратегияи миллии рушди кишвар барои солҳои 2016-2030 муайян намудааст.

БОҶ ягона ташкилотест, ки ба кишвар ғизои ғанигардонидашуда, аз ҷумла орди ғанигардонидашуда ва равғани растанӣ дастрас менамояд. Тавассути Барномаи миллии ғизои мактабӣ тақрибан 450,000 хонандаи синфҳои ибтидоӣ дар 2000 мактаб ҳамарӯза хӯроки гарми бо анвои серғизо омодашуда истеъмол менамоянд.

Манбаъ:Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

 14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров парда бардоштанд

14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро ба истифода доданд

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — шаҳраки...

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз гардид

Субҳи 14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию...

Related news