-2.2 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Дар Душанбе созишномаҳо оид ба маблағгузорӣ ба имзо расиданд

 Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва Созишномаи грантӣ (Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 3 октябр дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.

Созишномаҳоро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон  Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.

Арзиши умумии лоиҳа 47,34 млн доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 30 млн доллар гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (бо эквиваленти 22,4 млн ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ) ва 17,34 млн доллар гранти Фонди ягонаи донории трастии Барномаи шарикии Иттиҳоди Аврупо ва Бонки ҷаҳонӣ, қисми III барои мамлакатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ (бо эквиваленти 16,19 млн евро) мебошад.

Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани устувории роҳҳои муҳими мошингард ва пурзӯр намудани иқтидор вобаста ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ мебошад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2023 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин 3 октябр Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи сармоягузорӣ ба соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ба имзо расонида шуд.

Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.

Мақсади лоиҳа беҳтар намудани дастрасӣ ба таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт дар ноҳияҳои алоҳида, инчунин таҳкими иқтидори муассисаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт барои такмил ва беҳтар кардани хизматрасониҳои пешниҳодшаванда мебошад.

Арзиши умумии Лоиҳа 45 млн доллари амрикоӣ (баробар ба 33,5 млн ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ)-ро ташкил медиҳад, ки он пурра аз ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ тариқи маблағҳои грантӣ маблағгузорӣ мегардад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2023 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.

Манбаъ: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news