-2.2 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр дар шаҳри Пловдиви Булғористон шурӯъ шуд, ки то 9 октябр идома меёбад.

Дар мусобиқа ҳудуди 300 варзишгар аз 40 давлати ҷаҳон дар 5 гурӯҳ вобаста ба синну сол (дар ҳар гурӯҳ 6 вазн) иштирок доранд. Аз ҷумҳурии мо ду нафар – бародарон Ҷамшед ва Зайниддин Мақсудовҳо дар ин мусобиқа ширкат карданд.

Дар рӯзи дуюми нерусанҷиҳо Ҷамшед Мақсудов дар вазни 70кг-и гурӯҳи «D» ба гирифтани ҷои дуюм мушарраф шуд. Рақобатҳои ин вазн нахуст ба таври даврӣ сурат гирифта, Ҷамшед дар даври аввал аз Шамше Тлашадзеи гурҷистонӣ мағлуб шуда, дар ду даври дигар бар Гунар Спрунк (Олмон) ва Ивайло Саров (Булғория) пирӯз гардид ва ба нимфинал баромад.

Дар нимфинал варзишгари мо ба муқобили намояндаи Узбекистон Убайдулло Эргашев дастболо шуд ва дар финал боз ҳам бо варзишгари Гурҷистон Шамше Тлашадзе вохӯрда, мағлуб гардид. Ҷои сеюмро намояндаи Олмон Стефан Биттменн сазовор шуд.

Зайниддин Мақсудов  дар вазни -78кг-и гурӯҳи «С» ҷои панҷумро касб кард. Зайниддин дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон Владимир Овсяников ғолиб омад, аммо дар нимфинал аз варзишгари Словакия Атилла Райз ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи Албания Мираш Палӣ шикаст хӯрд.

АКС: КМО Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news