-8.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 26, 2025

Дар Боку масъалаи баргузории Конфронси оби СММ-2023 дар Ню-Йорк баррасӣ гардид

Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқоти муштараки сеҷонибаи Сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ, сафири Шоҳигарии Нидерланд Паулин Айземан ва ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Владанка Андреева бо вазири экология ва захираҳои табиии ин кишвар Мухтар Бабаев баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи ташаббусҳои байналмилалии оби Тоҷикистон, натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (6-9 июни соли 2022, ш. Душанбе)-ро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси дарпешистодаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба об, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон омодагии худро барои ҳамкории фаъолона бо СММ ва кишварҳои ҳамраис ҷиҳати омодагӣ ба Конфронси дарпешистодаи об изҳор намуда, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки бахшида ба Конфронси дарпешистодаи об дар Ню Йорк якчанд чорабиниҳои муштарак баргузор карда шаванд.

Манбаъ: ВКХ ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум иштирок намуданд

19 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум иштирок...

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР аз 18 марти соли 2025 №177ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи муовини вазири...

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи озод намудани судяҳо Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

18 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ таъиншударо барои суҳбат...

Related news