-11.9 C
Tajikistan
Monday, December 5, 2022

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Ислом» шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти ғалладона дидан карданд

3 октябр дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии «Ислом» ташриф оварда, ба ҷамъоварии ҳосили шолӣ оғоз бахшиданд.

Хоҷагии деҳқонии «Ислом» дар деҳоти Ҷура Раҳмонов ҷойгир буда, соли 2000 аз ҷониби оилаи Бобохоновҳо таъсис ёфтааст ва дар ихтиёри худ 1,2 гектар замин дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Ислом” шолипарварӣ буда, соли равон дар 0,60 гектар ин навъи зироат кишт карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ҳосили шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Ислом” бо деҳқонон суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо дар самти истифодаи босамару оқилонаи замин, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.

Бояд гуфт, ки дар заминҳои хоҷагӣ шолӣ кишти такрорӣ буда, қабл аз ин аҳли заҳмат дар 0,60 гектар ғалла корида, 2,5 тонна ҳосил ба даст оварданд.

Хоҷагидорон соли сипаришуда аз 0,60 гектар шолӣ беш аз 4 тонна биринҷи аълосифати навъи “лазер” рӯёнида буданд. Имсол аз хӯшаҳои серҳосилу пурбори шолӣ умед доранд, ки ҳосили баланди биринҷ ба даст оваранд.

Дар баробари шолипарварӣ саҳмдорон ҳамасола дар қитъаҳои алоҳидаи хоҷагӣ шалғам, помидору бодиринг, сирпиёз, лаблабу, қаланфур ва кабудиҳо кишту парвариш ва истеҳсол намуда, ба фурӯш мебароранд. Ҳоло дар кишти такрорӣ дар 0,60 гектар карам ва 0,30 гектар бойимҷон кошта шудааст, ки аз он ҳосили баланд рӯёнида мешавад.

Ба гуфти роҳбари хоҷагӣ, саҳмдорон то имрӯз беш аз 8 тонна ҳосили бойимҷон ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои истеъмолӣ пешниҳод намуда, аз ин ҳисоб 80 ҳазор сомонӣ даромади иқтисодӣ ба даст овардаанд.

Ҳамин тариқ, аҳли заҳмати хоҷагӣ ҳам дар кишти асосӣ ва ҳам дар кишти такрорӣ ҳар қитъа замини обиро босамар истифода намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона ва сабзавоту полезӣ машғул мешаванд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти ғалладона шинос шуданд. Аҳли заҳмат маҳсули дастранҷи худ, аз ҷумла навъҳои гуногуни шолӣ, биринҷ, ҷав, гандум, зағир, маккаи дон, мошу нахӯд ва лубиёро ба намоиш гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам босамар истифода бурдани замин ва ба ин восита истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба хоҷагидорон ва масъулони соҳа маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news