27 сентябр дар шаҳри Кишинёв мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова Давлаталӣ Назризода бо Котиби давлатӣ — муовини Вазири иқтисод ва инфрасохтори Молдова, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ Вадим Гумене сурат гирифт.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамоии рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Молдоваро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, афзоиш додани табодули мол, мустаҳкам кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкорӣ ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Молдова оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.