-3.6 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷаласаи 46-уми солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок кард

23 сентябр дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҷаласаи 46-уми солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истиснод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳамоиши имсола, ки ба мавзӯи «Ҳалли мушкилоти ғизо, сӯзишворӣ ва буҳрони молиявӣ» бахшида шуда буд, доир ба чолишҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла дар мавриди барқарорсозӣ пас аз COVID-19, болоравии нархи неруи барқ ва ашёи хом, таъминоти логистикӣ, инчунин пешгирии офатҳои табиӣ ибрози андеша кард.

Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар назди Созмони Милали Муттаҳид маълумот дод.

Акс: ВКХ ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news