23 сентябр вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара Ашрафҷон Гулов бо Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Туркия Ведат Билгин доир гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУДОВА аз шаҳри Истанбул иттилоъ медиҳад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.
Бояд таъкид намуд, ки дар рушди ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз беш аз 11 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Анқара баргузор гардидааст.