5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Тоҷикистон ва Нидерланд бахшида ба Конфронси оби СММ-2023 дар Ню-Йорк мизи мудаввари сатҳи баланд доир намуданд

 Дирӯз, 23 сентябр мизбонони Конфронси оби СММ-2023 Тоҷикистон ва Нидерланд дар доираи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и Маҷмаи Умумии СММ мизи мудаввари сатҳи баландро бахшида ба Конфронси мазкурро баргузор намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истиснод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Дар он доир ба омодагӣ ба Конфронс ва амалҳои минбаъда дар доираи Рӯзномаи амал оид ба об табодули афкор сурат гирифт»,- таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Мизи мудаввар бо суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте ифтитоҳ гардида, дар он муовини якуми Дабири кулли СММ, сарвазирони кишварҳои Мозамбик, Ҳаити, ноиби Президенти Уганда, вазирони корҳои хориҷии Финляндия ва Бангладеш, вазири рушди иқтисоди Миср, вазири савдои хориҷӣ ва рушди ҳамкории Шоҳигарии Нидерланд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии хеш аҳаммияти Конфронси соли 2023-ро барои татбиқи «Рӯзномаи 2030»-и СММ оид ба рушди устувор таъкид карда, аз роҳбарони кишварҳо даъват ба амал овард, ки ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ-2023 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерланд доир мегардад.

Акс: ВКХ ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news