-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Тоҷикистон бо Венесуэла, Сербия ва Марокаш Созишнома оид ба лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба имзо расонид

 23 сентябри соли 2022 дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла Карлос Фария, Ҷумҳурии Сербия Никола Селакович ва Подшоҳии Марокаш Носир Бурита мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истиснод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат Сироҷиддин Муҳриддин ва  Венесуэла Карлос Фария перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Венесуэла ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.

Пас аз мулоқот Созишнома оид ба лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла ба имзо расид.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Никола Селакович маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сербияро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бахшҳои амният, иқтисод, иҷтимоӣ, гуманитарию беҳдоштӣ ва обу иқлим мавриди баррасӣ қарор дода, ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба таъкид карданд.Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сербия дар бораи мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматиро ба имзо расониданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷӣ, ҳамкории африқоӣ ва марокашиҳои муқими бурунмарзӣ Подшоҳии Марокаш Носир Бурита, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро роҷеъ ба таҳкими равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва маориф таъкид намуданд.Зимни мулоқот ҷонибҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Подшоҳии Марокаш оид ба лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматиро ба имзо расониданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news