-10.5 C
Tajikistan
Thursday, February 9, 2023

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Шералӣ Ризоён бар ин назар аст, ки фарзияи коршиноси қирғиз дар бораи лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон кирои танқид ҳам намекунад

Бо мушоҳида кардани  ҷараёни ҷанги иттилоотӣ, ки бар асари муноқиша миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон оғоз шуд, шумо ҷузъиёти ҷолиберо пайхас мекунед, ки онро метавон чунин баён кард: «даргириҳо ба он хотир сар задаанд, ки  санади муштарак дар мавриди оғоз намудани  сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ба имзо расонида шавад».

Масалан, журналист ва коршиноси қирғиз Азиза Бердибоева маҳз ба ҳамин чиз ишора дорад: “Муноқишаҳо дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон — таърихи солҳои қадим ва марзи тақсимнашудаанд. Солҳои қаблӣ сабаби муноқиша ҳама гуна амал ё иғво аз ҳар тараф буд. Вале воқеаҳои рӯзҳои охир гӯё бе ягон замина рӯй доданд. Чӣ гуна ва чаро ин метавонад ба рӯйдодҳои сиёсии ахир рабт дошта бошад, биёед якҷоя бифаҳмем”, — менависад вай ва дарҳол меафзояд: “Муҳимтарин рӯйдод барои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин рӯзҳо нишасти сарони СҲШ буд, ки дар ин рӯзҳо дар Самарқанд ҷараён дорад. Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ чанд санади хеле муҳим оид ба ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки яке аз онҳо Созишномаи ҳамкорӣ оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Чин-Қирғизистон-Узбекистон” дар қитъаи ҳудуди Қирғизистон мебошад.

Шералӣ Ризоён

Коршиноси мустақил, номзади илмҳои сиёсӣ Шералӣ Ризоён дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» дар ин бора чунин гуфт:

— Ман ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин фарзия дучор шудам ва дирӯз онро як коршиноси Қирғизистон низ баён кард. Ман фикр мекунам, ки чунин партофти иттилоотӣ кирои танқид намекунад, чаро?

Аввалан, ин лоиҳа таърихи беш аз 20-сола дорад ва дар бораи он ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта сухан мерафт;

Сониян, оғози сохтмони роҳи оҳан аз сабаби тайёр набудани Қирғизистон борҳо мавқуф гузошта шуд. Баъд аз он ки Шавкат Мирзиёев президенти  Узбекистон гардид, вай ба ин тарҳ ҷараёни тоза бахшид ва музокиракунандагони ин кишвар кори бузургеро анҷом доданд. Зеро тавсеаи долонҳои нақлиётӣ яке аз ҳадафҳои ҳукумати Узбекистон аст. Аммо пас аз ҳаводиси моҳи октябри соли 2020 дар Қирғизистон, он чизе, ки тарафҳо дар моҳи сентябри соли 2022 ба хулоса омада буданд, метавонист пештар имзо шавад;

Ва солисан, дар фазои иттилоотии Қирғизистон матолибе мунташир шудаанд, ки аз майл надоштани бахше аз нухбагони сиёсии ин кишвар барои роҳандозии ин лоиҳа сухан меравад. Зеро дар Қирғизистон гурӯҳҳои муайяни бонуфузе ҳастанд, ки мухолифи пайдоиши роҳи оҳани Узбекистон-Қирғизистон-Чин ҳастанд. Чунки даромаде, ки ҳоло онҳо мегиранд, метавонад аз байн равад. Танҳо дар чаҳор сол 10 миллиард доллар аз байн рафт, ки омори содироту воридоти Чин ва Қирғизистон аз ин шаҳодат медиҳад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Мансур Мухтар: «Бонки исломии рушд раванди маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон идома медиҳад»

Мақсади сафари ҳайати Бонки исломии рушд ба Тоҷикистон шиносоӣ бо татбиқи лоиҳаҳои дуҷонаба ва пешравиҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалисозии онҳо...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд

6 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Асад барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия муҳтарам Башар Асад...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган...

Related news