-0.7 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Расонаҳои хориҷӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҷеъ ба амалҳои беандешонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯӣ Қирғизистон бозгӯ намудандс

 Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия вобаста ба воқеаҳои охир дар хати сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон изҳороти расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои англисӣ, русӣ ва туркӣ тарҷума шуда, ба расонаҳои кишвари иқомат фиристода шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.

Дар натиҷа, 21-уми сентябр расонаҳои “Gazete Berlin”, “Gazete Hollywood”, “Gazete Katar”, “Gazete Viyana”, “Rusya Gazetesi” ва “Turk News” дар саҳифаҳои худ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҷеъ ба амалҳои беандешонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯӣ Қирғизистон бо забонҳои туркӣ, русӣ, англисӣ ва зиёда аз 14 забони дигар нашр намуданд.Ёдовар мешавем, ки 14-18 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар ҷараёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва симтемаҳои мушакии зарбазананда истифода кард.

Маълумоти муфассали расмӣ дар бораи амалҳои таҷовузкоронаи Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хронологияи рӯйдодҳо дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр шудааст.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news