0.9 C
Tajikistan
Tuesday, September 26, 2023

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Найранг ва иғвоангезии Садир Жапаров дар иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ

Гулӯлаборон кардани сокинони осоишта, иншооти иҷтимоӣ, ҳалокати одамони бегуноҳ муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистонро коста гардонид. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20 сентябри имсол низ тасдиқи таҷовуз нисбат ба кишвари мост.  Доктори илмҳои сиёсӣ, муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода пас аз мутолиаи  суханронии президенти Қирғизистон дар минбари СММ хулосаҳои худро дар ин бора баён дошт.

Пеш аз ҳама, қолаби суханронӣ ва шакли гуфтораш гувоҳӣ медиҳанд, ки Жапаров ба низоми кунунии идоракунии давлат ва иштироки худ дар арсаи байналхалқӣ сарфаҳм нарафтааст. Иқтибосҳои васеъ аз асноди бунёдиву оинномавии СММ, инчунин дуздии ошкоро аз матни баромадҳои шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ аз ҷониби ӯ аз сатҳи тахассусии дастаи ӯ дар омода кардани суханрониҳои расмӣ ва дар маҷмӯъ, норасоии донишу малака вобаста ба воқеияти сиёсати байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд.

Ин тааҷҷубовар нест, зеро тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб медонад, ки ӯ чӣ гуна аз олами ҷиноӣ ба низоми сиёсии Қирғизистон кӯч баст. Садир Жапаров бо амри тақдир тасодуфан сарвари давлат шуд. Гурӯҳи ӯ, ки таҷрибаи ғании ҷиноӣ дорад, аз ҷониби худаш ҷамъоварӣ шуда, ҳоло дар сатҳи тамоми давлат фаъолияти ҷиноии худро идома медиҳад. Аммо ин барояшон басандагӣ намекунад ва дар муносибатҳои байнидавлатӣ амалҳои ғайриқонунӣ ва таҳдидӣ оғоз карда, ба минбари СММ баромаданд. Баъди ба сари қудрат омадани онҳо дар сарҳад амалиёти таҷовузкорона ва набардҳои шадид оғоз ёфтанд.

Ба таваҷҷуҳи С.Жапаров ва дастаи ӯ мерасонем, ки «Pacta sunt servanda» (аз лотинии «Тавофуқот бояд ҳатман риоя шаванд») мафҳуми ҳуқуқӣ ба забони лотинӣ буда, дар ҳуқуқи байналмилалӣ ва шаҳрвандӣ васеъ истифода шуда, зарбулмасали лотинӣ нест. Новобаста аз он ки С.Жапаров ва дастаи ӯ моҳияти ин истилоҳро чӣ гуна дарк мекунанд, мо зикр менамоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан чунин мешуморад, ки созишномаҳои қаблан имзошудаи тарафҳо бояд қатъиян риоя шаванд.

Умедворем, ки ҷониби Қирғизистон дар оянда бидуни вайрон кардани созишномаҳои қаблан имзошуда аз ҳама гуна иғво, амалҳои хушунатомези ғайриқонунӣ даст кашида, ба муколамаи воқеии сиёсӣ, ки ба ҳалли ҳарчи зудтари масъалаи сарҳад ба нафъи ҳарду халқ нигаронида шудааст, оғоз мекунад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Вазири энергетика ва захираҳои об дар чорабинии «Ҳафтаи гузариш ба энергияи «сабз» дар Ҷопон иштирок намуд

25 сентябр ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа дар чорабинии «Ҳафтаи гузариш ба энергияи «сабз»...

Дар Душанбе Анҷумани кории Тоҷикистон ва Беларус доир мешавад

28 сентябр дар шаҳри Душанбе Анҷумани кории  Тоҷикистон ва Беларус доир мегардад. Анҷумани корӣ мақоми ҳамоҳангсоз ва машваратӣ буда, ҳадафи он баланд...

Намояндаи Тоҷикистон дар машварати нахустини вазирони кишоварзии Осиёи Марказӣ – Чин иштирок намуд

Дар ҳошияи Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии маҳсулоти кишоварзии Янлин ва Форуми байналмилалии сатҳи баланд доир ба муҳофизати солимии хок 19 сентябр машварати нахустини...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла...

Related news