4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Муовини Раиси ноҳияи Мурғоб Абдулқаюм Мурзамат мегӯяд «бо паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ душманони ду миллат мехоҳанд вазъро нооромтар созанд»

Мо шоҳиди онем, ки то омодани роҳбарияти имрӯзаи Қирғизистон баҳсҳое, ки дар сарҳад ба амал меомаданд, бо роҳи сулҳ ҳал мешуданд. Масъалаи баҳси сарҳадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ба талафоти ҷонии ду тараф овард, вақтҳои охир доғи рӯз гашта, маълумоти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронкунанда аст: душманони ду миллат мехоҳанд вазъи ба вуҷудомадаро боз ҳам нооромтар созанд,- чунин ибрози назар намуд муовини Раиси ноҳияи Мурғоби ВМКБ Абдулқаюм Мурзамат.

«Мо, сокинони ноҳияи Мурғоб ба оилаи ҳалокшудагон ҳамдардӣ баён намуда, умед дорем, ки ин масъала дар доираи ақли солим ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли худро меёбад ва ду миллат минбаъд низ бо ҳам дӯсту бародарона умр ба сар мебаранд. Вазъи ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки тамоми ақлу заковат, кӯшишу ғайрат, фаъолияти самаранокамонро ба таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем»,- зикр дошт Абдуқаюм Мурзамат, ки худ қирғизтабор аст.

Сокинони ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраҳои қадим дар якҷоягӣ бо тоҷикон дар фазои дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтироми анъанаҳои миллии ҳамдигар зиндагӣ доранд.

Муовини Раиси ноҳияи Мурғоб Абдулқаюм Мурзамат гуфт, ки «мо мехоҳем дӯстии мо поянда бошад, то ба дигарон дарси ибрат шавад. Ба хотири ҳамсоягии таърихии мо, фароҳам овардани зиндагии ором барои наслҳои ояндаи ҳарду миллат ва канда нашудани риштаи дӯстию бародарии ин ду миллати ҳамсоя боварӣ дорем, ки кулли масъалаҳо ба тариқи сулҳу субот ҳалли худро меёбанд».

Манбаъ: АМИТ «Ховар»/МИҲД Мурғоб

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news