-3.2 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

«ХОНИКЕЙ ТОҶИК НАБУД…». Нависанда Қодири Рустам дар посух ба як дурӯғи машҳур, ки ду рӯз пеш Садир Жапаров дар қатори дурӯғҳои дигараш аз минбари СММ такрор кард

 «Халқҳои моро риштаҳои хешутаборӣ бо ҳам мепайванданд. Беваҷҳ нест, ки ҳамсари Манас – қаҳрамони машҳури мо, шоҳзодахонум Хоникей тоҷик будааст…» («Наши народы переплетены родственными узами. Недаром наш легендарный герой Манас был женат на таджикской царевне Каныкей…». Ин яке аз дурӯғҳое буд, ки президенти Қирғизистон 20 сентябр дар қатори дурӯғҳои дигараш аз минбари СММ такрор кард.

Барои чӣ дурӯғ аст, нависанда Қодири Рустам чунин далел меорад:

— Дурӯғҳо дар шарҳу тафсири осори адабӣ зиёданд; баъзе аз онҳо умри чандинасра доранд ва бо он ки дурӯғ буданашон дигар ҷойи тардид надорад, ҳоло ҳам ин ҷову он ҷо такрор мешаванд ва иддае ҳам ба онҳо бовар доранд…

Намедонам, маншаъи ин «кашф», ки Хоникей – ҳамсари Манас аз достони ҳамноми қирғизӣ тоҷикдухтар аст, дар куҷост: дар Қирғизистон ва ё Тоҷикистон, намедонам бори аввал ин суханро кӣ гуфта! Вале баъдан ончунон такрораш карданд, ки ба вежа дар Тоҷикистон забонзади хосу ом шуда…

<…> ин ки Хоникей – зани Манас тоҷик бошад, аз беху бунёд дурӯғ аст ва бофтаи замони шӯравӣ, ки ба дарди идеологияи <…> дӯстии халқҳо мехӯрду бас. Ягона чизе, ки шояд нахусткашшофи тоҷик будани Хоникей иттико ба он кардааст, ин аст, ки ин духтар – духтари хони Бухоро будааст… дигар ҳеҷ далеле…

Аммо, бо он ки аҳолии Бухоро ва гирду атрофи он ҳама тоҷиканд <…>, 1) пас аз Сомониён ҳеҷ хоне ва подшоҳе дар Бухоро тоҷик набудааст. 2) Манас тибқи пижуҳишҳои донишмандон воқеоти асрҳои 15-17-ро дар бар мегирад, ки дигар аз салтанати Сомониён дар Бухоро панҷ қарн сипарӣ шуда буд. 3) Хоникей духтари хон аст ва «хон» унвони ҳукмравоёни турку муғул аст; ва дар замони Чингизхон ҳеҷ касе ҷуз аз дудаи ӯ ҳақ надошт, ки худро «хон» биномад… 4) Падари Хоникей – хони Бухоро Темур ном дошт, ки <…> дар он замон тоҷикон фарзандони худро Темур наменомиданд. 5) Ниҳоятан, Хоникей на «Хоннигоҳ», чунонки баъзе «донишмандони» тоҷик шарҳ додаанд, балки «завҷаи хон» (яъне Манас) маъно дошт…

Хулоса, тоҷикдухтар будани Хоникей ҳеҷ асосе надорад ва дурӯғе беш нест. Ва онро набояд такрор кард.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news