0.3 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Тоҷикистон ва Маркази рушди иқтидори минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамкориро густариш медиҳанд

21 сентябр Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо директори Маркази рушди иқтидори минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои кишварҳои Кавказ, Осиёи Миёна ва Муғулистон Норберт Функе вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба вазорати мазкур.

Завқӣ Завқизода тақвияти ҳамкории минбаъдаро дар самтҳои таҳияи модели муосири дурнамои макроиқтисодӣ, истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ вобаста ба омодасозии гузоришҳои таҳлилии рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаи мамлакатҳои рушдёфта ва пешниҳоди кумаки техникӣ барои такмили самтҳои зикргардида зарур арзёбӣ намуд.

Завқӣ Завқизода гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии иқтисодӣ таъсис дода шудааст ва тақвияти ҳамкории марказро бо  пажӯҳишгоҳи мазкур зарурӣ арзёбӣ намуд.

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ доир ба ташкили чорабиниҳои машваратию омӯзишӣ вобаста ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news