-13.4 C
Tajikistan
Tuesday, January 31, 2023

Сироҷиддин Муҳриддин: «Таҷовузи низомии Қирғизистон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон нақзи дағалонаи меъёрҳои ҳукуқи байналмилалист ва онро маҳкум мекунем»

 21 сентябр дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк субҳонаи кории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқоти ғайрирасмӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин ҳамоҳангсозии мавқеи кишварҳои узви Созмонро оид ба рӯзномаи мубрами МУ СММ муҳим арзёбӣ кард.

Дар ин вохӯрӣ Сироҷиддин Муҳриддин оид ба таҷовузи низомии Қирғизистон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ин амали кишвари мазкурро ҳамчун нақзи дағалонаи меъёрҳои ҳукуқи байналмилалӣ маҳкум намуд.

Вазирони корҳои хориҷӣ аҳамияти қабули қатъномаи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Ҳамкорӣ миёни Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ»-ро, ки ба амиқтар шудани ҳамкории созмонҳо мусоидат мекунад, зикр намуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Latest news

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд

26 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов...

Китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») дар Аврупо ба нашр расид

Дар оғози соли равон тавассути нашрияи бонуфузи илмии «Walter de Gruyter GmbH», Berlin/Boston китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») ба нашр расид.

«АЗ САДА ТО САДА». 7 навъи зироати кишоварзӣ ва дарахтони меваю ангур ба таври расмӣ қабул гардиданд

Имрӯзҳо дар гўшаву канори Тоҷикистон мардум фарорасии иди Садаро барои якдигар шодбош гуфта, бо баргузории намоиш-фурӯши ниҳол, оростани хони идона ва базму...

Related news