4.9 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Намояндаи расмии Сафорати ҶМЧ дар Қирғизистон: «Баъзе ВАО маънии суханронии сафирро бадқасдона таҳриф кардаанд»

20 сентябр ба хотири таҷлили 73-юмин солгарди таъсиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Сафорати ин кишвар дар Ҷумҳурии Қирғизистон конфронси илмию амалӣ баргузор намуд.

Сафири Чин дар Қирғизистон Ду Дэвэн (ДАР АКС) бо намояндагони доираҳои гуногуни ҷомеаи Қирғизистон оид ба дастовардҳои рушди Чин ва муносибатҳои Чину Қирғизистон табодули дӯстонаи афкор анҷом дод.

Сафир Ду Дэвэн зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳоло миёни Чин ва Қирғизистон ягон масъалаи ҳалношудаи сиёсӣ вуҷуд надорад. Ҳарду кишвар дӯстону шарикони боэътимод мебошанд. Ҷонибҳо аз рӯи масъалаҳои калидие, ки ба манфиати ҳарду мамлакатанд, якдигарро қатъиян дастгирӣ мекунанд. Ҷониби Чин ҷониби Қирғизистонро дар интихоби мустақилонаи роҳи рушд мутобиқи воқеияти миллӣ дастгирӣ намуда, сиёсату тадбирҳои ҳукумати Қирғизистонро ҷиҳати ҳифзи истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва рушди иқтисодӣ дастгирӣ мекунад. Ҷониби Қирғизистон ба принсипи Чини ягона содиқ буда, мавқеи Чинро дар масъалаҳои марбут ба Шинҷон, Тайван ва Ҳонконг қатъиян дастгирӣ ва аз талошҳои ҷониби Чин барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ, амният ва манфиатҳои рушд пуштибонӣ мекунад.

«Мутаассифона, рӯзи гузашта бархе аз расонаҳо ҳангоми овардани иқтибос суханронии дар боло зикргардидаи сафирро таҳриф намуда, маънои суханро бадқасдона дигар кардаанд. Яке аз расонаҳо ҳатто дар мавзӯи «Чин аз Қирғизистон дар ҳифзи қаламраваш дар даргириҳо бо Тоҷикистон ҳимоят кард» матлаби қалбакӣ нашр кардааст. Бархе расонаҳои хабарӣ талош доранд, ки равобити дӯстонаи Чин бо Қирғизистону Тоҷикистонро таҳрик дода, сулҳу субот дар минтақаро халалдор созанд»,-омадааст дар изҳороти намояндаи расмии Сафорати Чин дар Ҷумҳурии Қирғизистон.

Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамсояҳои дӯст ва шарикони стратегии ҳамаҷонибаи Чин мебошанд. Ҷониби Чин самимона изҳори умедворӣ мекунад, ки тарафҳо дар асоси эҳтироми якдигар ва машваратҳои дӯстона ихтилоф ва зиддиятро ба таври зарурӣ ҳал ва бо кӯшишҳои муштарак сулҳу суботро дар минтақа муҳофизат карда метавонанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news