6.2 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Кумакҳои моддии Пешвои миллат ба оилаҳои аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардидаи вилояти Суғд дастрас гардиданд

21 сентябр бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии сокинони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарар дидаанд ва аъзои оилаҳои қурбониён аз пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе корвони пурбори мошинҳо иборат аз 45 техникаи калони боркаш бо кумакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд равон карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Кумаки навбатии башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ иборат аст.

Кумаки зикршуда асосан оилаҳои сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро фаро гирифта, нишонаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардида, оилаҳои сарбозони шаҳид ва аҳолии осоиштаи қурбоншуда мебошад.

Бояд гуфт, ки рӯзҳои наздик аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз чунин кумакҳои моддӣ ба оилаҳои зарардида ҷудо карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»/Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news