3.2 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

КОРТИ «МИР»-И РОССИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН МИСЛИ ПЕШТАРА АМАЛ МЕКУНАД. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар БДА «Амонатбонк» хабар доданд

Корти пардохтии «Мир»-и Россия дар банкоматҳо ва терминалҳои якбора ду ташкилоти қарзии Тоҷикистон бидуни маҳдудият амал мекунад. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Бонки давлатии амонатгузории кишвар «Амонатбонк» Дилафрӯз Раҳматова хабар дод.

«Кортҳои низоми пардохтии Россия — «Мир», ки дар Россия ва кишварҳои шарик дода шудаанд, дар Тоҷикистон низ дар банкоматҳо ва терминалҳои Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва «Бонки Душанбе Сити», ки чанде пеш мақоми бонкиро дарёфт намуд, амал мекунанд», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, маблағҳо аз корти «Мир» ба пули миллӣ-сомонӣ дода мешаванд. «Маблағҳоро ба корти «Мир» аз Тоҷикистон метавон ба воситаи барномаи «АмонатМобайл» ва аз Россия тавассути ҳама гуна намуди барномаҳои мобилии бонкҳо интиқол дод», — иброз намуд  Д. Раҳматова

Дилафрӯз Раҳматова афзуд, ки аз сентябри соли 2022 «Амонатбонк» барориши кортҳои чипии низоми миллии пардохтии «Корти Миллӣ»-ро бо имкони хидматрасонӣ дар Россия ва кишварҳои шарики корти «Мир» ба роҳ монд.

БДА «Амонатбонк» аз бонкҳои калонтарини кишвар маҳсуб шуда, дар сохтори он 75 намояндагӣ ва 547 маркази хизматрасонӣ дар тамоми ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум гардид, ки бонкҳои Қазоқистон, Ветнам ва Арманистон дар пайи бонкҳои Туркия бо далели таҳдиди таҳримҳои дуюмдараҷаи ИМА қабули кортҳои «Мир»-ро қатъ кардаанд. Дар ин бора 21 сентябр дар шабакаи телеграми департаменти Маркази вазъ ва буҳрони Вазорати корҳои хориҷии Россия хабар нашр шуд.

Ҳоло кортҳои низоми пардохтии «Мир»-и Россия ба ҷуз аз Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон, Беларус ва Қирғизистон амал мекунанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news