3.7 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Гурҷистон баргузор гардиданд

21 сентябр дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Содиқ Имомӣ ва Александр Хвтисиашвили машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо масоили мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Гурҷистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳо, инчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима намуданд. Ҳамзамон перомуни масъалаҳои амнияти минтақавӣ табодули афкори муфассал сурат гирифт.

Тавофуқ ҳосил гардид, ки бо талошҳои муштараки мақомоти корҳои хориҷӣ ба равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Гурҷистон такони нав бахшида хоҳад шуд.

Акс: ВКХ ҶТ

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news