3.2 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук дар Узбекистон иштирок мекунанд

 Аз 23 то 25 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук баргузор мешавад, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук иборат аз 17 нафар бо роҳбарии сармураббӣ Ғайрат Неъматов ба ин давлат сафарбар гардид.

Дар мусобиқаи байналмилалӣ иштироки варзишгарон аз 9 давлат: Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, инчунин Филиппин, Таиланд ва Малайзия  дар назар аст.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи варзиши сабуки Узбекистон, сабқатҳо дар маҷмааи варзишии «Афросиёб Арена» доир мегарданд. Варзишгарон дар сабқатҳои дав ва майдонӣ ё техникӣ – ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби диск, найза, гулӯла, гурз миёни ҳам  қувва месанҷанд.

Мавриди зикр аст, ки дар рӯзи сеюми мусобиқа марҳилаи навбатии дави байналмилалии хайриявӣ «Save Aral 2022» доир хоҳад шуд. Беш аз 2000 иштирокчӣ бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба буҳрони экологӣ дар атрофи баҳри Арал медаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Чемпионати 4-уми кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон:

Бонувон
Кристина Пронженко (400м; 800м)
Раҷабмо Абдуллоева (5000м; 10000м)
Мавлуда Асламова (партоби гулӯла, партоби найза)
Муштарӣ Бодоқулова (партоби диск)

Мардҳо
Александр Пронженко (100м; 200м)
Абубакр Носиров (100м; 400м)
Фаворис Музрапов (100м; 200м)
Илдар Аҳмадиев (200м)
Ленид Пронженко (110м/монеа; 400м/монеа)
Муҳаммадризо Мирзозода (400м; 400м/монеа)
Ҳасан Кулов (800м; 1500м)
Меҳрубон Шамсиддинов (5000м; 10000м)
Зуҳуршоҳи Наҷмиддин (5000м; 3000м/монеа)
Меҳробҷон Одинаев (10000м; 3000м/монеа)
Ҳусниддин Зарипов (ҷаҳиш ба бадандӣ)
Абдурауф Мусоев (партоби гулӯла ва гурз)
Зикрило Турахонов (партоби найза)

АКС: КМО Тоҷикистон

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news