-2.2 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх амнияту суботи минтақаро баррасӣ карданд

Имрӯз, 21 сентябр дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) Петер Маурер баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва КБСС, тарҳҳои дар кишвари мо роҳандозишаванда, мавзӯъҳои амнияту суботи минтақа, вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва зарурати расонидани кумаки башардӯстона ба ин кишвар баррасӣ шуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин бинобар анҷом ёфтани фаъолияти П.Маурер ба ҳайси Президенти КБСС ба мавсуф ҷиҳати рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуда, ба фаъолияти минбаъдааш барор таманно кард.

Акс: ВКХ ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news